Ҳамин ҳоло, раиси ГЖК иваз шуд. Ҷои Ёқуб Борони Исмоилзода дигар нафар омад...
Умр гузарон аст. Асадулло Раҳмон барои фаолияти шоиста ва хидматҳои арзанда ба Ёқуб Борон изҳори сипос намуда гуфт, аз рӯзи сари кор омадани Исмоилзода дигар ягон маводи давлативу ҳукуматӣ дар хориҷа нашр намешуд...
Ин 1 паҳлӯи фаолияти Исмоилзода аст...
Исмоилзода вақте ба ГЖК омад, нахуст коре, ки сар кард, мошинҳои моро ронд! Сароғоз ҳама оташ гирифт, вале баъдан дарк кардем, ки воқеан ҳам ҷои кори мо ГАРАЖ будааст, на коргоҳи ашхоси арзанда. Сипас гулу буттаву хору хаси атрофро пок намуд. Ба чашмамон халид: ин чӣ коре мекунад? Дарахтонро мебуррад, лигустраҳои дақюнусиро решакан месозад. Вале бо гузашти ҳамагӣ 2 моҳи баҳор дидем, ки Ёқуб Борон ГЖК-ро ГУЛИСТОН кардааст!!!
Баъдан дарҳои ҳамешабози ГЖК-ро басту охрана гузошт: ба хашм омадем, ин нафар дари редаксияҳоро ба рӯи мардум мебандад? Вале чун дидем, ки пайи пои ҳангомаҷӯву ҳангоматалабону завсегдатайҳо аз ин бинои муқаддас канда шуд, ором гирифтем...
Фаввораҳои ГЖК, ки 25 сол хомӯш буданд, дубора фавҷ-фавҷ обангез гардиданд...
Пайи пои ҷавонони фосиқе, ки таки дарахту гулу буттаҳои ГЖК ошиқона-фоҳишахонаашон буд, канда шуд...
Имрӯз ГЖК воқеан ҳам 1 бинои диданист бо гулу гулзору боғу токзораш...Боғи Ираме дорад, ки нотавонтарин қаламбадастро ба илҳом меорад. Ин ҳама заҳмати Ёқуб Исмоилзода аст...Зеро худ ЖУРНАЛИСТ буд ва фаолияти корашро маҳз аз рӯзноманигорӣ сар кардааст...
Ахиран Ёқуб Борон баъди фавти фоҷеавии Акбари ҷавонмарг кору бори ИЖТ-ро ба сомон оварду ин ниҳодро ҳамагӣ дар миёни 4 моҳ воқеан ҳам тавоно намуда ба дигаре супурд...
Сипос ба Шумо, Исмоилзода! Кош ҳар раҳбаре мисли Шумо кордону коршинос мебуд...
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 30 март ба тағйироти кадрияш идома дод. Бар асоси ин тағйирот, Маҳмадтоир Зокирзода аз мақоми вазири кишоварзӣ озод ва муовини нахуствазир таъин шудааст. Ҳоло ба ҷойи ӯ Иззатулло Сатторӣ омадааст, ки то ин вақт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон буд. Маҳмадтоир Зокирзода соли гузашта ба вазорати кишоварзии Тоҷикистон омада буд. Ӯ дар гузашта дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кор карда, ҳамзамон раҳбарии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаи марз бо Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Бар асоси фармонҳои дигари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҷабалӣ Аҳмадзода аз мақоми раиси шаҳри Хуҷанд барканор ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шудааст. Ҳоло маълум нест, раиси, инак, собиқи Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода чӣ вазифа гирифтааст. Шариф Шарифзода раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардидааст, ки то ин вақт раиси шаҳри Роғун буд. Дар идомаи ин тағйирот, Саидалии Сиддиқ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" таъин шудааст. Мудири пешини "Ховар" Заробиддин Қосимӣ рӯзи 29 март сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин гардид. Қурбоналӣ Файзуллозода директори Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод" шуда, раҳбари пешаинаш Ёқуб Исмоилзода ба вазифаи сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии дастгоҳи иҷроияи президент рафтааст. Як рӯз пештар аз ин бо фармонҳои раисиҷумҳур дар баъзе аз намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон тағйирот сурат гирифт. Дар пайи он Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори кишвар дар Чин ва ба ҷои ӯ Музаффар Ҳусейнов таъин гардид. Ҳусейнов то ибтидои моҳи март дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Узбакистон ифои вазифа мекард. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия, ҳамзамон намояндаи кишвар дар Арманистон ва Зоҳир Саидов сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон таъин шудаанд.