ХАБАРИ ДОҒ

Имрӯз 2-юми апрел, зиёда аз 100 нафар ҷавонони панҷакентӣ барои ҳимояи марзу буми кишвар ба сафи артиши Тоҷикистон фиристода шуданд.

Тавре комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, полковник Саиднуриддин Мӯҳтоҷов ба СССР иттилоъ дод, аввалин гусели баҳории  ҷавонон ба сафи артиши миллии Тоҷикистон имрӯз дар Панҷакент сурат гирифт. Дар ин даъват зиёда аз 100 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмат гуселонида шуданд. Гусели наваскарон дар Панҷакент бо як чорабинии тантанавӣ сурат гирифта, дар он волидони наваскарон, устодону омӯзгорони макотиби олӣ ва худи даъватшавандагон андешаҳои худро бобати ҳифзи марзу буми Тоҷикистон баён доштанд. 

Хуршед Фозилов



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter