ХАБАРИ ДОҒ

Эмомалӣ Раҳмон: Дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ талош кунем!

  • Чоршанбе, Июн 20 2018


Минтақаи Осиёи Марказӣ мисоли возеҳи ҳамкории созанда дар соҳаи об аст, ки дар он нобаробарии ташаккулёбии захираҳои об ҷой дорад. Чунин вазъ дар баробари талаботи фарқкунандаи кишварҳои минтақа ба истифодаи захираҳои об аз лиҳози соҳавӣ ва мавсимӣ, чанде пеш чун омили баҳсу мунозираҳо ва ихтилофоти эҳтимолӣ арзёбӣ мешуд. Вале тавре ки замон ва амалия нишон медиҳад, мо тавонистем дар ҳалли мушкилоти мавҷуда  ба пешрафти назаррас ноил шавем, - гуфт зимни баромади хеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ дар робита ба мушкилоти об дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028».
-Айни ҳол дар минтақа имконоту инфрасохтори нав барои ҳамкории самарабахш ва таъмини рушди кишварҳои шомили он эҷод гардидаанд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин натиҷаҳо нақши чунин сохторҳои минтақавӣ, ба монанди Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва ниҳодҳои он, бешубҳа, назаррас аст. Ҳамзамон бо ин, имрӯз мо дар рӯ ба рӯи мушкилоту таҳдидҳои нави замони муосир қарор дорем, ки аз ҳарвақта бештар муттаҳид сохтани талошҳои муштарак ва иқдомоти ҳамоҳангшударо тақозо менамоянд. Мисоли равшани ин таҳдидҳо мавсими камобии соли равон мебошад. Бо сабаби боришоти ками мавсимӣ кишварҳои минтақа аллакай дучори камобӣ шуданд. Ҳаҷми оби дарёҳо аз меъёрҳои миёнаи солона паст буда, дар мавсими обёрӣ ҳамагӣ дар ҳаҷми 60-70 фоиз пешгӯӣ мешавад. Чунин ҳолат ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии зичи талошҳои моро барои ҳалли ин қабил мушкилот тақозо менамояд. Мушоҳидаҳои бисёрсола гувоҳӣ медиҳанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ тақвият меёбад. Тибқи ин мушоҳидаҳо, тайи шаст соли ахир ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона ба андозаи як градус аз рӯйи Селсия боло рафта, миқёсу миқдори ҳодисаҳои табиии вобаста ба обу ҳаво рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, аз маҷрои дарёҳо баромадани об, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Гузашта аз ин, тайи чанд даҳсолаи охир мо тақрибан як ҳазор пиряхи хурду миёнаро талаф додем. Бо мақсади мониторинги ин равандҳо ва андешидану татбиқ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим имсол мо дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис додем ва дар таҳкими иқтидорҳои он ба дастгирии шарикони рушд умед дорем.  Итминон дорам, ки дар ояндаи наздик ин марказ дар раванди банақшагирӣ ва идораи захираҳои об на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар зинаи минтақавӣ низ саҳми арзанда хоҳад гирифт. Ҳоло дар Тоҷикистон тақрибан 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳукумати мамлакат оид ба мутавозин сохтани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ аз тариқи навсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда, бунёди иқтидорҳои нави тавлиди неруи барқ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири сарфаи он тадбирҳои ҳаматарафа меандешад. Дар навбати худ, обанборҳои неругоҳҳо ба таъмини намудани танзими боэътимоди бисёрсолаву мавсимии ҷараёни об, пешгирии обхезиҳо ва кам кардани оқибатҳои хушксолӣ мусоидат мекунанд. Истифодаи иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмин намудани кишварҳои минтақа бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди “иқтисоди сабз” – метавонад ба кам кардани партовҳои газҳои гулхонӣ (карбон) ба атмосфера мусоидати ҷиддӣ намояд. Дар робита ба ин мехостам аҳамияти татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000, ҳамчунин барқарор намудани фаъолияти ҳамзамони шабакаи энергетикии Тоҷикистонро бо низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки имконияти интиқоли энергияи “сабз”–и моро ба ҳамсоягони дуру наздик фароҳам меоранд, зикр намоям. Дар кишвари мо таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии босифат ва беҳдошт чун афзалияти дигари муҳим боқӣ мемонад. Мо аллакай ба таҳияи Барномаи нав оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза барои давраи то соли 2030 шурӯъ намудем. Ин Барнома яке аз ҳадафҳои калидии рушди устувор – дастрасии умуми аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдоштро фаро мегирад. Истифодаи оқилонаи танҳо захираҳои нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 километри кубиро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби босифати нӯшокӣ медиҳад, - афзуд дар фарҷоми суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter