ХАБАРИ ДОҒ

Беш аз 2,5 миллиард нафар ба оддитарин хизматрасонии соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд!

  • Чоршанбе, Июн 20 2018


Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҶТ имрӯз зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки дар ш.Душанбе оғоз ёфт, таъкид дошт, ки дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дувуним миллиард нафар ба хизматрасонии оддитарини соҳаи беҳдошт (санитария) дастрасӣ надошта, ҳар сол то сесад ҳазор нафар кӯдак дар синни то панҷсола ба иллати набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ба ҳалокат мерасад. Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки мо то ҳол дар иҷрои воқеии вазифаҳо ва ҳадафҳо дар арсаи таъмин намудани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва беҳдошт ҷиддан ақиб мондаем.
-Имрӯз дар олам зиёда аз ду миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то панҷ миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра, баробар гардад. Зимнан, тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди мо вазифаҳои нави маҷмӯиро мегузорад. Дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад. Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфиро ба бор орад. Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард. Дар баробари ин омилҳо як силсила масъалаҳои дигаре вуҷуд доранд, ки муносибати маҷмӯӣ ва ҳамкории фаъолро дар соҳаи об тақозо доранд. Дар маҷмӯъ баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои об, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд. Таҷрибаи андӯхташуда нишон медиҳад, ки дар арсаи истифодаи захираҳои об якбора ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан мушкил аст. Бо дарназардошти маҳз ҳамин таҷриба, Даҳсолаи оғозёфта, пеш аз ҳама, ба ташаккули майдони васеъ барои таҳкиму тавсеаи муколамаи мунтазами бисёрҷониба дар соҳаи об бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти амалии мушаххас равона карда шудааст,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter