ХАБАРИ ДОҒ

6.04.2016. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа.

 

Дар толори факултаи журналистикаи ДМТ вохӯрии донишҷӯён бо коллективи кори газетаи мардумии СССР баргузор шуд. Ин дидор бо ташаббуси бевоситаи декани фаултаи журналистика, номзади илми филологӣ, Шаҳномашинос ва муаллифи доимии газетаи СССР-устод Саъдии Маҳдӣ доир гардид. Сароғоз устодони ин даргоҳи сухан ва қалам Саъдии Маҳдӣ ва Сангин Гулзод-яке аз нахустин муаллифини газетаи мардумӣ дар солҳои 2008, 2009-2016 риштаи суханро ба каф гирифта, перомуни сиёсати ватанпарастӣ ва патриотизму профессионализми СССР сӯҳбат карданд. Сардабири газетаи мардумии СССР роҷеъ ба сиёсати дохилии кори редаксия, чаҳорчӯбаи информатсионии он, шиору забони вежа, услуби газета, сайтҳои тобеъи СССР (www.football.org.tj: www.cccp.tj ) сӯҳбат орост…

Сайёфи Мизроб дар робита ба шеъри «Ватандорӣ омӯз аз мокиён»-и Алиакбари Деҳхудо гуфт, ки сари ин шеъри шоир пайваста бо журналист, ҳамкор, дӯст, бародар ва ҳамкурсам Сафват Бурҳонов дар баҳси ҷиддӣ будам ва мегуфтам: «Мо Тоҷикон Шерем! Зану марди Тоҷик Шери нар аст.

Ҳар он кас ки Шаҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад паҳлавонӣ кунад…

Забони мо паҳлавист ва паҳлавӣ ин ҳамон паҳлавонист, далерист. Тоҷикон аз мокиён набояд ватандорӣ омӯзанд. Ин фикри сирф инфиродии ман аст, ки бо Деҳхудо ҳам норизоям, бо Сафват ҳам. Мо бояд дигаронро ватандорӣ биёмӯзем. Ман таърихеро, ки барои мактаббачагон аз ҷониби муаррих Аҳрор Мухторов навишта шудааст, хондам ва он таърихи ӯзбекҳост, на аз Тоҷикон. Мухторов доир ба таърихи Ӯротеппа ё Истаравшани бостонӣ вежагиҳоеро ҷуставу ёфтааст, ки фалону бисмадон ӯзбек омад, инаш рафту бек омаду… Ва ин номҳо ҳама ӯзбекист. Барои ватандорӣ ва ватанпараст будан, ин гуна чизҳоро, агар таърих ҳам бошад, бояд нанависем. Ин фикри сирф шахсии ман аст, ки шумо метавонед қабул накунед. Солҳои тӯлонӣ бар сари мо бо путки идеологӣ заданд, ки «шумо мардуми фарҳангӣ ҳастед, шумо шеъру суруд мехонед…». Дуруст аст, ки мо шеъру суруд мехонем, аммо мо миллати ҷангӣ ҳам ҳастем. Шахсан ману Сангин Гулов дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ моряк хизмат карда будем. Онҳое, ки дар сафи Армияи Шӯравӣ хизмат кардаанд, аз Тоҷик дида ҷавонмардтар, далертар, нотарстар дар Армияи СССР набуд. Бо ҳамин мардуми ӯзбеку қирғизу қазоқу туркману муғули степнишин, ки имрӯз моро метарсонанд, бо ҳам хизмат кардаем. Он вақте ки мо хизмат мекардем, психологияи мардумро меомӯхтем. Дар шӯравӣ 15 миллати титульный буд, яъне расмӣ. Дар таркиби ин ҷамоҳири расмӣ боз қавму миллатҳои хурд-хурд низ буданд. Фарзи мисол, қавми чечену доғистон миллати аслӣ маҳсуб намехӯрд. Ман ҳисоб накардаам, аммо ҳудуди 70-80 миллат дар Армияи Шӯравӣ хизмат мекард. Ин ҷо ба он хотир Армияи Шӯравиро мисол овардам, ки он воқеан 1 баҳр буд, 1 ҷаҳон буд. Мо бачаҳои 18-сола аз паси партаи студентӣ рафта дар Армия хизмат ва манфиатҳои СССРро дар Афғонистону Ангола, дар Уқёнуси Орому Атлантика ҳифз мекардем. Дар ин армияе, ки ҷаҳон аз он метарсид, ҷавҳари аслиаш Тоҷикон буданд. Тамоми миллатҳо аз Тоҷикон агар наметарсиданд, андеша доштанд, агар ҳарос надоштанд, аммо иззат мегузоштанд. Бубинед, ки мо воқеан ҳам 1 миллати вораста ҳастем. Ин хизмати миллат ва ҷадди бузурге буд, ки дар шарёни мо хуни ҷавонмардиро оварда буд. Аз ҳама миллати ватандӯст ва ватанпараст Тоҷикон буданд. Дигар миллатҳо зуд ассимилятсия мешуданд. Аз куҷо маншаъ мегирад ватанпарастии мо? Садди Искандариро мо гузоштем барои Александр Македонский. Искандаре, ки омад, то Персополисро гирифт, Дороро шикаст дод, империяи Курушро барҳам зад ва омад бар 1 ҷавонмарди кӯҳистонии суғдӣ-Спитамен баробар шуда натавонист. Солҳои тӯлонӣ бо ӯ ҷангид, то вақте ки ноҷавонмардона кушта шуд. Мақдуниҳо куҷо шуданд? Мақдуниҳо дар ҳамин ҷо ҳастанд ва мо онҳоро Тоҷик кардем! Онҳо ғосиб буданд. Ба кадом миллат ассимилятсия мешаванд? Ба миллати тарсу не! Ба миллате мегараванд, ки тем более, фотеҳ асту дунёро ғасб кардаанд. Мақдуниҳо фахр мекарданд, ки Тоҷик шаванд ва ҳам шуданд! Баъди ин Чингиз омад, араб омад. Мо дини арабро қабул кардем, вале арабҳо ку? Ин қавми хурде, ки ҳоло дар Қубодиён ҳастанд, инҳоро мардум қабул накард. Арабҳоро Тоҷикҳо шикаст доданд. Онҳо баргаштанду рафтанд ва дигар наёмаданд. Ҷадди мо он қадар ҷасуру шамшерзан буд, ки ҳатто ғосибон ифтихор мекарданд, ки мисли онҳо шаванд! Муғулҳо омаданд, аммо куҷо шуданд? Садде, ки бобои мову шумо барои ҳифзи Ватани худ ба муғул гузошт ва агар мо миллати тарсу мебудем, инҳо дар Аврупо хасеро болои хасе намегузоштанд. Имрӯз аврупоиён дарк кунанд, ки ниёи мо бобоҳои онҳоро аз нестӣ наҷот доданд. Муғулҳо низ дар таркиби мо фано фил фано шуданд. Вақте русҳо омаданд, охирин босмачиро дар соли 1941 дар Ғарм дастгир карданд ва дар ноҳияи Ховалинг Файзуллои босмачиро соли 1954 куштанд…».

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter