Инчунин, аз ҷониби Убайдуллоев ба Назруллоҳи Муҳаммадюсуф – мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе низ бинобар зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муҷозоти интизомӣ – сарзаниш эълон карда, зимнан огоҳонидааст, ки дар мавриди такрори чунин муносибат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ нисбати номбурда чораҳои то озод намудан аз мансаби ишғолнамудааш андешида мешавад. Муҷозоти интизомӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 123 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда амрномаҳо бошад дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj чоп шудааст.
СССР