Вохӯриро бо сухани ифтитоӣ роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Профессор Азимов Назир оғоз намуда, мухтасаран оиди мафҳуми терроризм, мақсад ва оқибтҳои ногувори он ба ҷавонон бо нишон додани мисолҳои мушахас, фаҳмондадиҳӣ намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамзамон намояндагони мақомоти судӣ ва прокуратураи шаҳр низ иштирок доштанд ва нисбати ин зуҳуроти нангин ибрози ақида намуданд. Иштирокчиён- ҷавонон аз вохӯрии доиргардида ва ҳамзамон аз сиёсати пешбарандаи сарвари кишварамон изҳори қаноатмандӣ намуда, бовар ба он кунонданд, ки тар таҳкиму амнияти минбаъдаи кишварамон саҳми худро низ хоҳанд расонд.
Сабабҳои рӯй овардан ба ифротгароӣ
Мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем,аммо гурӯҳи ифротгароӣ ДИИШ амалҳое анҷом медиҳанд,ки нисбати додани он ба асрҳои гузашта тавҳини ба он аср маҳсуб мешавад,чароки шояд чунин амалҳоре таърихи башарият дар худ сабт накарда бошад агар ҳам вуҷуд доштааст,бисёр кам будааст.Таҷҷаби мо аз амалҳои ин гурӯҳи тероризми воқеӣ нест,балки аз он аст,ки баро чи бархе ҷавонон махсусан ҷавонони кишвари азизамон ба ин гурӯҳ алоқа нишон дода,худро шефтаи онҳо мекунанду барои ҳамроҳ шуданд ба онҳо тамоми талоши худро мекунанд,ҳатто бо риск кардани аз дасти рафтани ҷонашон.Ҳозиран ба ҳар қимате,ки бошад ба онҷо раванд.Оё ин омилҳо ва сабабҳое,ки ин ҷавононро ба онҷо ҷалб мекунанд,чигуна омилҳое аст? Оё ин омилҳо омилҳои диннӣ аст ва ё иқтисодӣ?Оё рӯй овардани ҷавонон ба ин гурӯҳи сабабҳои моддӣ ва ё маънавӣ?Ҳақиқати матлаб он аст,ки дар робита бо пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳ наметавон як омилро сабаби асосӣ донист,балки метавонад тамоми сабабҳои ёдшуда вуҷуд дошта бошад.Аз тарафи дигар бошад,аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мисли Аврупо бо фарҳангҳои мутафовит,ҳатто бо андешаҳои комилан мухталиф дар ин гурӯҳ вуҷуд дорад,ба ҳамин хотир омилҳоро наметавон ба сурати дақиқ мушахас намуд.Аммо омилҳое,ки барои ҷазби онҳо вуҷуд орад,метавон чунин баён намуд.
Баҳодур Уроқов, СССР, Қӯрғонтеппа