Қайд карда шуд, амри мазкур пешгирӣ намудани изофанависӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ аз тарафи роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, баҳисобгирии пурраи маълумот оид ба аҳолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот зиндагӣ мекунанд, хоҷагии онҳо, ҳисоби саршумори чорво, қитъаи замини ёрирасони наздиҳавлигӣ ва фонди манзил, босифатона пур кардани дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагӣ (шакли № 1), таъмини дафтарчаҳои санитарӣ, риояи талаботҳои санитарӣ, эпидемиологӣ ва экологӣ, бо назардошти протоколи ҷаласаи назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи баҳисобгирии оморӣ аз 5 феврали соли 2015 № 2/22-2, амри раиси вилояти Хатлон аз 15 июли соли 2015, № 17 «Оид ба баҳисобгирии оморӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шуда аст. Мақсад аз қабули амри мазкур албатта боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, тартиби корбарӣ, сатҳи хизматрасонӣ, истифода аз неруву имкониятҳои дохилӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи шаҳрдорӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинони он мебошад.
Баҳодур Уроқов Қурғонтеппа СССР