ХАБАРИ ДОҒ

Ангуштшуморанд афроде, ки шахсан ман зи сари дӯстӣ бо ишон ифтихор дошта бошам, вале ҳастанд. Яке аз онҳо Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич, дӯст, бародар, ҳамкурс ва ҳамфикрам аст. Нафарест, сахт Давлатпараст ва Давлатсоз, ки имрӯз зодрӯз дорад...

 2 ё 3 сентябри соли 1983, яъне 33 сол пеш бо ҳам шинос шудем. Мани нав 16-сола ба Донишгоҳи давлатӣ дохил шудам ва Маҳмадамин, ки аллакай ҷавони 23-сола буд, ҳамкурс ва старостаи гурӯҳи дигарамон буд. Омада бо ман шинос шуд. Маълум гардид, ки язнаи Маҳмадамин бо бародарбузурги ман дӯст будаанду хостаанд, ки маро "зери қанот гирад": ҳоло дигар суоли матраҳ аст, ки кӣ киро зери қанот гирифт...вале мо аз ҳамон лаҳза дӯсти қадрдон ва бародари намакбадаҳон гардидем. Чанде ба баъд маро Армия бурданд ва дар газетаи «Красная Заря» хондам, ки дӯсти ман Ордени "Дружба народов СССР" гирифтааст...

Маҳмадамин воқеан хам давлатсоз асту аз рӯзҳои нахустини сари кор омадани ҳукумати имрӯза паҳлӯяш қарор гирифт ва то ба охир собиқуссиддиқи Ватан аст. Муовини раиси Бонки Ориёно, садри Амонатбонк ва Вазири меҳнат буд. Ҳар ҷое буд, Сафвати гиромӣ медонад, ки поси намаки студентӣ ва дӯстиро арҷ мегузошт ва ҳаргиз аз шарикдарсони қаблӣ дур намешуд: поси намаки студентӣ ин поси намаки халқ аст!

Имрӯз намояндаи вежа ва сафири Тоҷикистон дар СММ (ООН) аст ва манофеи миллатро дар ОЛАМ ҳифз мекунад. Бисёр чизҳое ҳаст, ки ману ӯ медонем, вале ин ҷо оварданаш аз рӯи одоби сиёсиву дипломатӣ нест-субординация. Вале бо 1 ҳарф метавон онро ҷамъбаст кард: Маҳмадамин патриот ва сарбози қаторие дар ҷанги иттилоотист, ки дар дигар кишварҳо кайҳо ГЕНЕРАЛ унвон мегирифт. Зодрӯз муборак, дӯстам. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter