ХАБАРИ ДОҒ

Моҳе қабл мо дар газетаи СССР дар бораи фурудгоҳи ш.Душанбе, ки дараҷаи байналмилалиро дорад, 1 мақолаи танқидӣ навишта будем, ки он ҳам зимни сафар бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Хуҷанд мушоҳида шудааст.

Ин мақолаи танқидӣ то чӣ ҳад барои роҳбарияти фурудгоҳ таъсир гузошт, мо нафаҳмидем ва фикр кардем, ки директори ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Исматулло Абдуллозода аз камбудиҳои дар мақолаи мо ишорашуда сарфи назар кардааст. Вале ин фикри мо хато будааст ва 1 сафари дигар аз Душанбе то Алмаато, ки рӯзи 20.04.2016 сурат гирифт, шаҳодат дод, ки директори нави фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода нисбати танқидҳои матбуот, ки созандаанд, бетафовуту бепарво нест ва имрӯз қариб тамоми камбудиҳоеро, ки дар газетаи СССР ишора шуда буданд, ислоҳ карда қисматеро аз биноҳои фурудгоҳ тамоман барканор намудааст. Аввалин чизе, ки ҳангоми ба фурудгоҳ наздик шудан ба чашм мерасад, ин тахриби бинои паҳлӯӣ-толори парвози хатсайрҳои маҳаллист, ки бо дастури Абдуллозода барканор шуда истода, даромад ба майдони ҳавоӣ низ аз сари нав таҷдид гардида дарвозаи наву калон часпонидаанд. Парвозҳои маҳаллӣ минбаъд аз толори қаблии фурудгоҳ амалӣ ёфта, кормандони дағали бахши бағоч ва хадамоти амниятӣ низ гӯшмол шудаанд, то ин ки бо мусофирон хушмуомила бошанд. Толори CIP низ аз сари нав таҷдид ва кушод карда шуда даромадгоҳаш низ аз самти майдони ҳавоӣ, ки пеш хеле танг буду барои фаъолияти кормандони марзбониву гумрук ва бахши амниятии фурудгоҳ тангӣ мекард, ҳоло фарохтар шудааст: ҳам мусофирон бе тела кардани ҳамдигар мегузаранд ва ҳам кормандони мақомотҳои қудратӣ метавонанд кори худро баҳузур анҷом бидиҳанд.

Толори VIP, ки барои гузаштани шахсони боломақоми кишвар хизмат мекунад, низ таъмиру таҷдид ва даромадгоҳаш фарохтару имконоти хизматияш бештар шудааст. Ин ҷо, бар замми он, ки толори интизории муосир дорад, боз 1 тарабхонаи хурди замонавӣ барои хӯрокхӯрии на танҳо меҳмонон, балки худи кормандони фурудгоҳ низ боз шуда, мизҳо аз рӯи талаботи рестораторони ҷаҳонӣ чида, хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ шудааст. Дару девори тарабхонаро бошад аксҳо ва мусаввараҳои зеботарин гӯшаю канори Тоҷикистон оро медиҳанд ва чуноне ки кормандони фурудгоҳ мегӯянд, дизайну интихоб ба Абдуллозода тааллуқ дорад.

Атрофи толорҳои CIP ва VIP-ро гулҳои ороишии зебо амсоли лолаву садбарг, буттаҳои беназир ва дарахтон-кастонаҳои белгиягӣ оро додаанд ва маълум аст, ки ин дарахту тухми ин гулҳоро аз хориҷ оварда ҳанӯз 1 моҳ пеш шинонидаанд. Абдуллозода аввалин коре, ки пас аз интихоб шуданаш ба ин вазифа кард, таҷдиди бинои маъмурии фурудгоҳ буда, мегӯянд, ки ҳоло дар бинои маъмурӣ 1 толори калони баргузории маҷлису конфронсҳо, толори хурд барои машваратҳои корӣ пайдо шуда қабулгоҳи директори ҳам пурра аз таъмир бароварда шудааст ва мо ҳатман дар нишасти наздиктарини матбуотӣ хоҳем дид. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҶТ моҳи январ дар нишасти матбуотии вазорати номбурда Абдуллозодаро ҳамчун менеҷери хуб муаррифӣ карда буд ва бо гузашти ҳамагӣ 3 моҳи корӣ маълум шуд, ки ӯ дар ҳақиқат сазовори ин ҳарфҳост: ободоние, ки имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт шуда истодаанду боз ҳам идома доранд, маҳз бо ибтикор ва ташаббуси директори нави фурудгоҳ аст. Офарин, раиси Исмат! Метавонистаед!

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter