Дар замони шӯравӣ вакилони халқӣ-депутатҳо ҳамеша бо сокинони маҳал дар алоқа буда, барои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрам саҳм мегузоштанд. Ҳеҷ набошад лоақал моҳе 1 бор пайдо шуда, аз ҳоли мардум мепурсиданд. Афсӯс, ки вакилони на танҳо имрӯза, балки 28-соли охири мо, танҳо ҳангоми маъракаи интихобот назди халқ меоянду халос, пас аз интихоб шуданашон дигар 5 соли оянда мо онҳоро ҳатто дар кӯча намебинем.
Тариқи матбуот мешунавам, ки бархе аз вакилони халқии ш.Душанбе дар ин рӯзҳои вазнин барои мардум ба оилаҳои ниёзманд кӯмаки хайр мерасонанду байни мардум маводи безараргардонӣ тақсим мекунанд. Вакилони ёвонӣ лоақал ҳамин корро ҳам намекунанд-парво надоранд! Гуфтаҳои пайвастаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ба мардум наздик шудану бо халқ буданро ҳам бархе аз вакилон шояд нашунида бошанд, ҳол он, ки онҳо дар хизмати халқ бояд бошанд, на мардум бо мушкиле паси дари хонаи онҳо равад!
Сафаралӣ Бекмонов,
н.Ёвон