Ҳукумати ИМА тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 2 миллион доллари ИМА-ро барои ҳифзи муҳоҷирон дар Осиёи Миёна дар ҳолати пандемияи COVID-19 чудо менамояд.
Гуфта мешавад, ки ин дастгирӣ дар доираи лоиҳаи амалкунандаи “Муҳоҷирати бехатар дар Осиёи Миёна”, ки аз ҷониби “USAID” маблағгузорӣ карда шуда, аз ҷониби Winrock International амалӣ мегардад, расонида мешавад. Пандемияи CОVID-19 боиси оғози бӯҳрони гуманитарӣ ва молиявӣ барои миллионҳо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Осиёи Миёна, ки бисере аз онҳо дар транзит ва кишварҳои таъинот дар саросари кишварҳои Осиёи Миёна азият мекашанд оварда расонидааст.