ХАБАРИ ДОҒ

Дар форуми иқтисодии Санкт-Петербург, ки аввали моҳи июн баргузор ва қариб фаромӯш шуд, баромади 2 бону ҳавои сиёсиро дигарбора тафсонид. Ба вежа, вақте овозаҳо паҳну пареш шуданд, ки Катерина Тихонова-роҳбари маркази захираҳои зеҳнии Донишгоҳи Маскав ва Мария Воронтсоваи генетики машҳур на кам на зиёд-гулдухтарони Владимир Владимирович Путин будаанд!!!

Таври маълум ВВП, ки 1 давлатро дар ҳолати сиррӣ нигаҳ медорад, гулдухтарони худро сахт пинҳон медошт ва ками андар кам номи онҳо дар расонаҳо пайдо мешуданд. Шӯхист магар, ки ҳатто СРУ ва МАССАД намедонистанд, ин духтарон дар куҷоянд! Ва имрӯз яку якбора пайдо шудан ва маъруза кардани Мария Владимировна ва Катерина Владимировна (баранда ногаҳон номи падарашонро ба забон оварду корро расво намуд!) олами хабариро тарконд.

Воқеан ҳам то ин замон маълум нест, ки чаро ВВП кӯдакони худро дар пардаи сирру асрор дастнорас кардааст. Шояд аз касеву чизе метарсад? Охир зану фарзандони президентон имунитет доранд ва бояд то охири умр ҳифз шаванд?!

Дар бораи зани ВВП низ дигар хатту хабаре нест. Таври маълум ӯ бо Людмила Александровна Шкребнева-Путина, ки ҳоло издивоҷ кардаву фамилияи Очеретная гирифтааст (насаби шавҳари наваш), соли 2013, интервю додаву расман ҷудо шуданд. Расонаҳо ҳадс мезаданд, ки Ледии №1 дар Россия Алина Кабаеваи тотортабори зодаи Тошканд мешавад. Вале бо гузашти 8 сол Алина расман хотуни Кремл нагардид, ҳарчанд овозаҳост, ки ҳатто аз ВВП фарзанддор ҳам шудааст. 

Кабаева (с.т. 12 майи 1983) чемпионкаи чандкаратаи ҷаҳон оид ба гимнастика ва хеле ҷавон аст. Ва аммо расонаҳо ҳадс мезананд, ки ҳамсари Людмила-Артур Очеретной низ хеле ҷавон аст (с.т.29 марти 1978).

Дар ин додуситад 1 чиз ҷолиби таваҷҷӯҳ аст: Ҷавонмардии Путин, ки чу дид дар оилааш муҳаббат коҳиш меёбад, мардаквор аз Ледии №1 ҷудо шуд ва ҳаргиз ба кору бори оилавии зани собиқаш дахл накард. Офарин бар чунин ҷавонмардӣ! Мо Метавонем!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter