16.06.2021. Соат ба вақти Женева 22:57 дақиқа. Агар гӯем, ки тамоми ҷаҳон дидор ва ҷанги лафзонии рӯбарӯи Путину Байденро интизор буд, чизе гӯиё нагуфта бошем. Воқеан ҳам, Вохӯрии «7-гона», ки ҳамасола политикаи рушду тараққиёти минбаъдаи ҷаҳонро муайян мекунад, ин бор нақши 2-дараҷа гирифт. Зеро ҳама мунтазир буд, ки президентҳои 2 абарқудрат, пас аз чақ-чақ ҳатман занозанӣ ҳам мекунанд.
Вале тӯли 2 соат онҳо чӣ гуфтанду чӣ карданд, аз назари оламиён пӯшида монд. ВВП ва Ҷо Байден ҳатто пресс-конфронси муштарак, ки интизор мерафт, надоданд.
Баъди дидор ВВП тани танҳо пеши журналистон ҳозир шуд ва ба фарқ аз ҳамтои амрикоияш бо онҳо гуфтугӯ кард. Путин дар Брифинг чанд нуктаи муҳими чақ-чақро зоҳир кард:
-Дидор душманона набуд!
-Сафирони 2 давлат ба кори худ бармегарданд (Антонов моҳи март ба Маскав ва Салливан апрел ба Вашингтон бозхонда шуданд);
-Тарафҳо ҳалли мушкилро меҷӯянд;
-Амрикоиву русҳо аз зиндонҳо мутаносибан озод мешаванд;
-Тасдиқи суоли «ВВП одамкуш ҳаст!», ки воқеан ҳам муносиботи 2 кишварро ба ҳадди пасттарин (ниже плинтуса-ВВП) оварда буд, матраҳ нашуд дар ин чақ-чақ, зеро «Ҷо қаблан бо телефон ба ман ин нуктаро шарҳ дода буд»-гуфт ВВП.
-Байден хеле дипломат ва сиёсатмаоб аст;
-Навалний худаш худашро ҳадафмандона суд кард, на мо;
-Мо ба таҳдидҳо бо таҳдид ҷавоб мегӯем!!!
Байден, ки ин брифингро пурра тамошо кард, баъдан гуфт:
-Фазои сӯҳбат бо Путин хуб ва позитив буд;
-Путин «ҷанги сард»-ро намехоҳад;
-Мантиқи чақ-чақи мо ним сол пас равшан мегардад;
-Путин бояд бизнесмени амрикоӣ Майкл Клавипро озод кунад (ин нафар бо иттиҳоми авомфиребӣ-мошенничество боздошт шуда буд);
-Ба кибератакаҳои хакерӣ Россия хотима бахшад!!!
Дар асл паси ин изҳороти кӯчак, албатта, амалҳои бузурге меистанд. Хотиррас мешавем, қабл аз ин дидор, дар таърихи 14.06.2021, Путин бо хабарнигори NBC Кир Симмонс, беш аз 1,5 соат чақ-чақ ва ба суолоти моҷароҷӯёнаи ӯ посух дода, ҳатто бо лабханд таъкид ҳам кард, ки журналист этика надорад ва сухани ӯро мебуррад.
Дар ҷамъ, ВВП бори дигар исбот намуд, ки ҳарифи сар-сарӣ нест ва барои хойдан ва фурӯ бурдани ӯ на дандони Байден мерасаду на аз НАТО ва тем более на аз Аврупо, ки вассал ё худ лаббайкагӯи Вашингтон шудааст.