ХАБАРИ ДОҒ

   Рӯзҳои 28-29 июни соли ҷори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари нахустини расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. 

   Бояд гуфт, ки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон шоми 28.06.2021 Президент ҶК Садир Жапаровро дар  бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Баҳор”, воқеъ дар н.Варзоб пешвоз гирифта, дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд. Тибқи гузориши расмии АМИТ Ховар, ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ-ин муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосои тоҷикон буд.

   Барномаи асосии кории Садир Жапаров субҳи рӯзи 29.06.2021 бо гузоштани гулчамбар дар назди муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён-шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гашта, сипас пешвози расмии эшон аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат сурат гирифт. 

    Тибқи барномаи таҳияшуда роҳбарони 2 давлат мебоист аз соати 10:00 то соати 11:00 мулоқоти «тет-а-тет» анҷом дода, сипас дидору гуфтугӯи  кушодаи ҳайатҳо баргузор мегашт. Барномаи кориро баёнияи муштарак барои намояндагони воситаҳои ахбори омма хотима мебахшид. Вале ин тавр нашуд.

 Дидори тӯлонӣ

29.06.2021. Соат ба вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Мулоқоти 1 ба 1-и президентон аз соати 10:00 дақиқа шуруъ шуда, ҷои 1 соат,  то соати 16:00 дақиқа, яъне расо 6 соат тӯл кашид ва дар ин муддат маълум набуд, ки паси дарҳои пӯшида чӣ мегузараду чӣ мегӯянд. Танҳо рафтуомади С.Ятимов, раиси КДАМ ҶТ, Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезияи назди Ҳукумати ҶТ бо 1 бағал харитаҳо ва Раҷабалӣ Раҳмоналиев, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ошёнаи дуюми Қасри миллат дарак аз он медод, ки сӯҳбат сари марз хеле тунду сахт рафта истодааст.

   Президентон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров танҳо соати 16:23 дақиқа пас аз ба имзо расидани 4 санади нави ҳамкорӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба назди намояндагони воситаҳои ахбори омма баромаданд. 

   Тавре аллакай аксарияти журналистон дарк карда будем, ин мулоқоти «тет-а-тет»-и президентӣ натиҷаи назаррас ба даст надод-ҳеҷ ҳуҷҷате дар бораи тақсимоти марз ба имзо нарасид ва ҳеҷ иқдоми наве қабул нагардид. 

Ҳанӯз ҳам тақдири ояндаи минтақаҳои наздимарзӣ дар Воруху Чоркӯҳ норӯшан монд. Тарафҳо танҳо дар бораи идомаи ҳалли масъалаи марзӣ дар ояндаи наздик дар Комиссияи 17-уми байнидавлатӣ оид ба демаркатсия ва делимитатсияи хати марз дар ш.Бишкек ва таъсиси Комиссияи муштарак оид ба сулҳу оштӣ дар марз гуфтанд, ки он ҳам ба хотири дубора ба даст овардани эътимоди мардуми деҳаҳои марзӣ аст…

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР,

Қасри Миллат, 

29.06.2021

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter