МАТБУОТИ ХОРИҶӢ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ
Бозингарони сиёсӣ дар Шинҷон чи мекобанд?
Нишонаҳои дуруягӣ ва дуруғпардозии кишварҳои Ғарб дар масъалаи ҳуқуқи башар ба таври хеле аҷиб, тавре, ки мегуянд, «бо амри Худо» вонамуд гашт ва мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт. 19 июни соли 2020 якбора ду руйдод паси ҳам иттифоқ афтод. Дар ҳамин рӯз дар ИМА «Санад оид ба сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон марбут ба уйғурҳо дар соли 2020» қабул мегардад ва дар Созмони Милали Муттаҳид, Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсон масъалаи поймолкунии ҳуқуқи инсон аз тарафи худи ҳукумати Америкаро баррасӣ менамояд.
Ин дафъа бо баҳонаи тезу тунд шудани зиддият байни ШМА ва Хитой, америкоиҳо « масъалаи уйғурҳоро» бардоштанд.
Уйғурҳо мусулмон буда, сокинони бумии Ноҳияи худмухтори Шинҷон- Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Маълум аст, ки дар ин минтақа солҳои дароз ташкилотҳо ва гурӯякҳои ҷудоиталабон фаъолият мекарданд, ки ҳадафашон ҷудо намудани ин ноҳия аз Хитой буд. Ҷудоиталабон дарк мекарданд, ки бидуни кумаки хориҷӣ онҳо ба мақсад намерасанд, барои ҳамин онҳо ба кишварҳои Ғарбӣ, дурустараш ба дипломатҳо ва идораҳои махсуси кишварҳои ғарбӣ, ва пеш аз ҳама ба ИМА, такя намуданд. Маблағҳои идораҳои махсуси кишварҳои ғарбӣ, ки ба ҷудоиталабон дода мешуданд, барои ҷалбу ҷазби ҷосусон ҷиҳати анҷоми амалҳои террористӣ истифода мешуданд. Дипломатҳои америкои бошанд, барои пардапуш намудани ин фаъолиятҳои идораҳои махсусашон, доду вой ва ҷанҷолҳои сиёсиро бо мақсади нишон додани муқобилият бар зидди амалҳои пешгирандаи ҳукматдорони Хитой бардоштанд. Чунин фаъолияти ҳукматдорони Шинҷон, яъне таъсиси марказҳои бозомӯзӣ ва касбӣ –техникӣ, натиҷаҳои хуб додан гирифт ва дар онҳо ба ҷавононе, ки пештар террористон мехостанд онҳоро ба тарафи худ ҷалб намоянд, касбҳои гуногун омӯхта мешуд. Ҳамин тавр, теъдоди амалҳои террористӣ, ки пештар дар як сол ба садҳо адад мерасид, дар се соли охир ба сифр баробар шуд.
Дар ҷумҳуриҳои собиқшуравии Осиёи Марказӣ мехостанд ифротиёнро сари қудрат биёранд, ки метавонистанд амалиёти террористиро ба тарафи шимол, ба Қазоқистон ва баъдан ба Руссия баранд. Дар Шинҷони Хитой бошад ҷудоиталабони уйғурро тарафдори намуда, мехостанд Хитойро тақсим кунанд. Ин масъала “ҳадафи дуюм” низ дошт, ки номаш ДОИШ ё ба ном Давлати исломӣ буд, ки фаъолияташ дар Руссия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мамнуъ аст. Агар руйхати қумондонҳои саҳроии ин ташкилоти террористиро варақ занед, ба осони маълум мешавад, ки бисёрии онҳо уйғуртаборанд. Замоне, ки президенти Руссия Владимир Путин амалиёти зиддитеррористиро дар Сурия сар кард, зарурати ҷиддии онро чунин шарҳ дода буд: ифротиён дар сафҳои террористони байналмилалӣ ҷанг карда обутоб ёфта баъдан ба ватанашон баргашта, таҷрибаи ҷангии худро барои барҳам додани субот ва амният дар минтақаҳои гуногун, ва пеш аз ҳама, ҷануби Руссия истифода хоҳанд кард. Чунин амалиётро мехостанд дар Хитой низ истифода намоянд, танҳо бо як фарқият, ки ифротгароии исломӣ дар Чин аз нуқтаи назари ҷуғрофи ҷануби набуда, ғарбӣ аст ва ба ноҳияи Шинҷон рост меояд. Барои ҳамин ҳам, вақте, ки кушишҳои Хитой дар пешгирии терроризм натиҷаҳои самаранок додан гирифт, “бозии” Вашигтон “вайрон” шудан гирифт. Дар ИМА ба хулоса омаданд, ки чаро бояд ба ДОИШ пул диҳанд, дар сурате, ки неруҳои ДОИШ дар Сурия аз тарафи қувваҳои низомии Башор Асад ва кумаки Руссия нобуд шуданд ва Хитой бошад бо мувафаққият масъалаи ҷудоиталабӣ дар Шинҷонро ҳал менамояд? Барои ҳамин дар Вашигтон ба хулоса омаданд, ки ин вазъиятро “ислоҳ” кунанд. Ҳануз тобистони соли гузашта гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамаашон аъзои блоки ҳарбии НАТО мебошанд, ва ҳамчунин кишварҳои дигари «ҳаводорони» америкоӣ, муроҷиатномаеро ба номи Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ирсол намуда, дар он талаб карданд, ки Хитойро бояд барои «таъқиб» ва « таҳдиди» мусулмонони уйғуртабори Шинҷон «маҳкум» кард. Дар ин муроҷиатнома иттилооти комилан дуруғин дар бораи “ ҳаҷми таъқибҳо” оварда шудааст, ки гуё миллионҳо уйғурон дар ким кадом “лагерҳои таъқиботӣ” нигоҳ дошта шуда, дар он ҷой онҳо аз одитарин ҳуқуқҳо ва шароитҳо маҳрум ҳастанд. Ин дуруғ зуд руйи об баромад: тақрибан баъд аз як ҳафта муроҷиатномаи дигаре ба унвони Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ирсол гардид. Дар ин муроҷиатнома ба тарафдории Хитой ва усулҳои пешгирии терроризм дар Чин на кишварҳои ғарбӣ, ки аз ислом дуранд, балки кишварҳои мусулмоннишин бо сарварии Арабистони Саудӣ овоз баланд намуданд. Баъд аз ин, ҳатто кормандони тарафдори Ғарб дар сохторҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, натавонистанд фикри кишварҳои исломиро дар бораи вазъияти ҳуқуқи мусулмонон ба инобат нагиранд, ва ҳамин тавр, айбномаи байналмилалии дуруғини Вашингтон нисбати Пекин беасос ба охир расид, ба мисли пуфаке, ки ҳавояш бо садои баланд мебарояд. Аммо дар ИМА ором нашуданд ва баъд аз хомушии кутоҳмуддат “дубора ба дуруғгуйи идома доданд”. Дар охири моҳи апрел Комиссиони Федералии ИМА оид ба озодиҳои байналмилалии динӣ иттилоъномаи ҳамасолаи худ, оид ба вазъияти динӣ дар ҷаҳонро расонаи намуд, ки дар он, ба вазорати корҳои хориҷии Америка тавсия шудааст, ки ба муқобили кишварҳои «вайронкор» ва пеш аз ҳама Хитой, боз барои Шинҷон, ва ҳамчунин Руссия, чораандеши намояд. Имрӯз, баъд аз қабули «Санади» зикршуда, маълум шуд, ки бо ин амал замина барои фаъолиятҳои зиддихитойи омода карда мешуд.
Рақамҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар зарфи панҷ сол –аз соли 2014 то 2019 дар Шинҷон аз ҳолати фақри комил 3 млн нафар халоси ёфтанд. То ин муддат дар ин минтақа 20% аҳоли ба қишри камбизоат дохил мешуд, аммо дар ҳоли ҳозир ин рақам понздаҳ маротиба кам шуда ба 1,24% расидааст. Дар Шинҷон рушди сайёҳи, ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ, ба таври боварнокардани пешрафт кардааст: дар соли 2019 аз Шинҷон ҳудуди 200 млн нафар дидан намуданд, ки ин 40% бештар аз соли қаблӣ аст. Қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ ба таври боваринок истифодаи забон ва фарҳанги сокинони бумии Шинҷонро таъмин менамояд. Дар Шинҷон дар ҳудуди 25 ҳазор масҷидҳо фаъолият доранд, ки ба ҳисоби теъдоди мусулмонон, ба таври миёна барои 530 нафар як масҷид рост меояд. Рақамҳои оморӣ нишондиҳандаи муҳими теъдоди ҳастанд, аммо ягон кас шубҳа надорад, ки ин рақамҳо ҳамчунин нишондиҳандаи тағйироти сифатӣ мебошанд. Мо дар Руссия нағз медонем, ки таблиғоти кишварҳои ғарбӣ, ба хуссус дар масъалаи мағзшӯйи афкори оммаи байналмилалӣ, чи хел кор мекунад? Ба хотир биёрем даргириҳои Қафқози Шимолӣ ва ҳамчунин амалҳои террористӣ ва суйиқасдҳо, ки ифротиёни манфур бар зидди мардумони осоишта, анҷом дода буданд. Ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ва “родиуовозҳо” бо доду вой мехостанд Руссияро таҷовузкор нишон диҳанд. Як дақиқа мулоҳиза кунед: дар қаламрави худ ва бо сокинони кишвари худ. Ҳама чиз дар ҷойи худ ҷо баҷо шуд, замоне, ки халқи чечен, баъд аз доғистониҳо, иродаи қавии худро нишон дод ва бо даъвати роҳбарони худ зери парчами Руссия дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муттаҳид шуд. Натиҷа ба ҳамагон маълум аст: дар минтақа сулҳ барқарор гашт, дар ҷамъият ҳамдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад ва шаҳри азнавсохташудаи Грозний имрӯзҳо намунаи таҷассуми сиёсати мусолиҳаи миллӣ аст, ки боиси тағйиротҳои азим дар ҷомеа гардид.
Барои ҳамин ҳам, Вашингтон ҳеҷ вақт намехоҳад, ки Шинҷони Хитой низ бо ҳамин роҳ пеш равад. ШМА дар баробари сулҳу оромӣ дар минтақа мафкураи ҷангу ҷидоли ҳама бар зидди ҳамаро, бо мақсади барқарор кардани беназмӣ ва бебандуборӣ муқобил гузоштааст. Ҳадаф аз барқарории беназмии “идорашаванда” таҳти назорат гирифтани интиқоли маблағҳо, фуруши аслиҳа, фаъол сохтани ҷинояткорӣ, ба мақсади доиман гарм нигоҳ доштани оташи ҷангу ҷидол мебошад.Таҷрибаи қабули асноди гуногуни дохилӣ, ки баъдан ҳамчун санади байналмилалӣ муаррифӣ мешавад, сиёсати доимии хориҷии Вашингтон мебошад. Хуб аст, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ рӯз аз рӯз манфиатҳо ва механизмҳое эъҷод шуда истодаанд, ки муқобили фишорҳои хориҷии Америка ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти кишварҳое мебошанд, ки дар рӯйорӯйи бо ШМА ва Ғарб, муқобилияти таърихи карда истодаанд.
Владимир Павленко
Таҳия ва тарҷима Н.Шоҳинбодов