Ҳукумати Афғонистон ба мушкилоти безараргардонии минаҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва аз ин рӯ дар пеши худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2023 тамоми қаламрави кишварро аз минаҳо пок созад.
Дар ин хусус президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз ҷомеаи байналмиллалӣ даъват намудааст, ки барномаҳои безараргардонии минаҳо дар Афғонистонро дастгирӣ кунанд. Поксозии минаҳо барои рушди Афғонистон хеле муҳим буда, бар асари он ҳаёти бисёр касон наҷот меёбад, замин ба таври самаранок истифода бурда мешавад, ҷойҳои корӣ ташкил мешавад, амният дар минтақаҳо таҳким меёбад, бори гарони муассисаҳои тандурустӣ камтар шуда, ҷомеа мустаҳкамтар мегардад. Ин мақсад масъулини Афғонистон, Тоҷикистон ва ИМА ҷиҳати дастгирии фаъолияти безарарсозии башардӯстонаи минаҳо дар қаламрави Афғонистон, имрӯз, 3.05.2016 дар шаҳри Душанбе мулоқот намуданд.
Чуноне ки ба мухбири СССР дар маркази матбуоти сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, дар мулоқоти мазкур вазир оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмаки башардӯстона ва раиси Идораи миллӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Бармак Вайс, сафири ИМА дар Афғонистон Майкл П. Мак-Кинли, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва намояндаи махсуси роҳбари Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҷаноби Мустафа Мастур, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнов Музаффар ва сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард ширкат варзиданд.
Дар конфронс ҳамчунин, намояндагони кишварҳои донор, ки дар соҳаи безараргардонии минаҳо кӯмак мерасонанд, ва инчунин созмонҳои ғайридавлатии миллӣ ва байналмилалӣ, ки лоиҳаҳо оиди безараргардонии башардӯстонаи минаҳо дар Афғонистон амалӣ мегардонанд, иштирок намуданд. Семинар бо дастгирии саховатмандонаи Идора оид ба бартарафсозӣ ва коҳиш додани яроқу аслиҳаи назди Департаменти давлатии ИМА ва бо мусоидати Маркази байналмиллалии Женева оиди безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ташкил шуд. Чорабинии мазкур ба иштирокчиёни даъватшуда имкон дод, ки вазъи кунунии маблағгузории лоиҳаҳои безараргардонии минаҳоро дар Афғонистон таҷдиди назар карда, он соҳаҳоеро, ки маблағгузории иловагиро металабад, муайян кунанд. Ҳадаф аз баргузории семинар таҳкими робитаҳо байни ҷомеаи байналмиллалии донорию шарикони татбиқкунанда ва инчунин мусоидат ба мубодилаи афкор дар атрофи чолишу имкониятҳои маблағгузорӣ ва татбиқи вазифаҳои ба миён гузошта мебошад.
СССР