ХАБАРИ ДОҒ

«IRS» қаҳрамононро қадрдонӣ намуд

  • Ҷумъа, Май 06 2016

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷиҳати миқёсу фарогириаш набарди мудҳиштарин ва фоҷеабортарини таърихи аҳли башар дониста мешавад, зеро дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои мухталиф сафарбар шуда, беш аз 50 миллион нафар қурбон гардиданд.

Ин нукта санаи чоруми майи соли равон, дар ҷамъомади тантанавӣ,  ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб баргузор гардид, зикр шуд. Раиси ноҳияи Варзоб Савзаалӣ Назирзода зимни сухани ифтитоҳии худ минҷумла гуфт, ки  боиси ифтихору сарбаландист, ки дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз садҳо ҳазор фарзандони ватандӯсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд. Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақдим кард. Дар пайравӣ ба иқдомоти Роҳбари  хирадсолори мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба 12 нафар иштирокчиёни ҶБВ, ки сокинони ноҳияи Варзоб маҳсуб мешаванд, туҳфаҳои таъсисдодаи филиали Ширкатро бо дастагулҳои зебо супориданд. Шоистаи зикр аст, ки ин иқдоми аввалини роҳбарияти филиали Ширкат вобаста ба масъалаи мавриди назар набуда, дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дар фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба раванди муттасил табдил ёфтааст. Барои мисол, «IRS» сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро низ ба зимма дошта, аз ҷониби филиали Ширкат таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни муассиса, ки дар ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ  дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуд. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, «IRS»  ба муассисаи мазкур  маводи хурока, мошинаҳои дарздӯз, ҷомашӯӣ ва таҷҳизот барои ошхона низ тақдим намуда буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии н.Варзоб низ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони интернатсионалистро қадрдонӣ намуд. Дар фарҷоми чорабинӣ собиқадорон шукронаи сулҳу оромии кишварро намуда,  арзи сипоси  бепоёни худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии

«Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter