Путин ва Лукашенко ба ҷидд мехоҳанд Иттифоқи нав, вале на советӣ ва на шӯравӣ, барпо кунанд. Ҳоло танҳо миёни Минску Маскав. Аммо кӣ медонад оқибат чӣ мешавад ва киҳо ихтиёран, ихтиёран маҷбурӣ, маҷбуран ихтиёрӣ ба ин иттиҳод шомил хоҳанд шуд?!
Дар ҳар сурат баъди изҳороти Батко Лука ва ВВП роҷеъ ба бунёди нави Давлати Иттифоқӣ миёни Беларус ва Россия ва ё Иттифоқи Давлатии Россия ва Беларус, корҳо вусъат гирифтанд. Сухан сари он аст, ки Ал. Лукашенко даҳсолаҳо барои эҳёи «мини-СССР» талош менамуд. Тарси душманони ин идея ин ҳам ҳаст, ки асосгузори СССР дар соли 1922 маҳз Белорусия, Россия ва Украина будӣ. Барҳамзанандааш низ дар соли 1991 ин 3 ҷумҳурӣ шуд. Яъне мабодо ин 3 ҷумҳур ва ё ақаллияти кулл (2 кишвар) хоҳанд, метавонанд боз СССР-ро барқарор созанд. Ин аксиомаи сиёсист. Зеро 12 республикаи бародарии дигар таъсисдиҳанда нестанд. Рӯиҳамрафта, ба истиснои республикаҳои Назди Балтика, 9 ҷумҳурии дигарро маҳз СССР асос гузоштааст. Паспорти ҳамаи ин давлатҳо дар ЗАГСи советӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Тарс аз ҳамин пешниҳод буд, ки Ғарб ва Амрико, аккурат, Уркаинаро аз Россия фарсахҳо дур кардаву миёни ин 2 давлат ҷанг хезонд. Зеленскийи яҳудтабор бошад, на беҳуда сари кор омад; таври маълум бо пул ин қавмро метавон зудтар хариду фурӯхт.
Вале дар қиболи Лукашенко Ғарб аз «сенарияи Горбачёв-2» кор гирифт. Тӯли 7-10 соли ахир, Батко чун Горбачёв ба «бигир-бигир»-и Аврупо ва Амрико дода шуда, аз худ нео-реформатор тарошида, аз ин ғоя дуртарак рафт. Ба забони имрӯзаи оммафаҳм, ҳатто Путинро «кидат кард!». Аммо соли гузашта, Ғарб дар Минск табаддулоти давлатӣ карда, халқро зидди Лукаи Муқаддас шӯронду талхаи Лукашенко кафид. Батко ба таври оҷил ба худ омада, дар таърихи давлатдорияш чун «Горбач-2» дохил нашуд. Даҳони оппозитсияро баст, миёни душманонашро шикаст ва ҳатто оппонентҳои худро аз осмон боздошт намуд (қазияи самолёт ва рақиби сиёсии Лукашенкоро ҳама медонад). Хулласи калом, Батко, «Чоруқҳои тори кос»-ашро саривақт дид. Зеро агар намедид, ҳатман «Очаи Кузмаро медид».
Баъди тавофуқи 2 президент, ки барои интегратсияи давлатҳо дар шакли мини-СССР бояд оҷилан 28 «барномаи союзӣ» ба тасвиб расад, Михаил Мишустин-сарвазири ФР ба Минск рафта, бо Дмитрий Мезентсев – госсекретари Давлати Иттифоқӣ (Союзное Государство) мулоқот ва гуфтугӯ кард.
Дар навбти аввал миёни Маскаву Минск бояд марзи пулӣ вардошта шавад. Пул ягона мегардад. Албатта, рубль. Мисле, ки дар Иттиҳоди Аврупо «Евро» дар гардиш аст. «Дальше-больше»-гуфти худи урусҳо. Дар назар аст, ки иқтисодиёт, иҷтимоиёт, нархгузориҳо, фоидаи газу нафт низ ягона шаванд. Валютаи ягона, иқтисодиёти ягона, нархгузориҳои ягона. Ва аммо сиёсат, политика тағйир намеёбад. Дар ин бора Дмитрий Песков-сухангӯи Кремл сареҳатан гуфт:
«В настоящий момент о политической интеграции речь не идет»
Аҳамият деҳ, хонанда, «дар ҳоли ҳозир!!!» таъкид мекунад Песков, ки «дар бораи ягонагии сиёсӣ сухан намеравад». А, баъдан чӣ? Песков имконияти интегратсияи сиёсиро низ дар ояндаи дур ё наздик инкор намекунад:
-Политическая интеграция возможна в будущем, если будет соответствовать интересам России и Белоруссии…
Ба забони дигар, Путину Лукашенко, ки таҳти фишори Аврупо ва Амрико қарор гирифтаанд, метавонанд роҳат СССР-ро, дар давраи аввал барои худ, барқарор созанд. Ва акнун бигирем, ки хатари роиҷ ва овезонро НАТО дар симои Афғонистони Толибон-давлати террористӣ сари кишварҳои ОМ боқӣ гузошта рафт, метавонад, ҷумҳуриҳои собиқи шӯравии осиёиро низ ба ин мини-СССР таҳрик диҳад. Дар ҳар сурат, мавҷудият дар дилхоҳ Иттифоқ басе хубтар аст, аз мавҷудият дар зери хатари терроризм ва экстремизм…