Доктор Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои 16-18 сентябри соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Бояд гуфт, ки ин сафари нахустини хориҷии доктор Раисӣ пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳури Эрон буда, ҳамроҳи ӯ якчанд вазирони нав, аз ҷумла Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири нави корҳои хориҷии ҶИЭ низ бори нахуст ба Душанбе омаданд.
Доктор Раисӣ аввал дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуд. То ин дам кишвари Эрон ба ҳайси нозир дар ин созмон фаъолият мекард, ҳамакнун пас аз ҷаласаи тақдирсози Душанбе, ба гуфтаи хабарнигорони эронӣ, ҶИЭ бо ташаббус, тавсия ва дастгирии бевоситаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба узвияти ин созмони бонуфуз, ки ҳоло 21 давлат-узв дорад, шомил гардад. Ҷараёни ба узвияти СҲШ қабул шудани Эрон ба таври расмӣ дар ш.Душанбе оғоз гашт ва ин амалро кабинети доктор Раисӣ ҳамчун дастоварди нахустин ва бузурги сиёсии ҶИЭ унвон дод.
Пас аз музокирот дар сатҳи боло байни ҶТ ва ҶИЭ 8 санади нави ҳамкорӣ ба тасвиб расид, аз он ҷумла Баёнияи муштараки Президенти ҶТ ва Раиси ҶИЭ, ки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Иброҳими Раисӣ имзо гузоштанд, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон, Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ҶИЭ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ, Протоколи техникӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва Маъмурияти гумруки ҶИЭ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ, дар бахши ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш, меҳнату муҳоҷират низ ёддоштҳо ба тасвиб расиданд.
Тавре баъдан зимни баёнияи муштараки матбуотӣ доктор Раисӣ таъкид дошт, аз имрӯз, яъне 18.09.2021, фасли нави ҳамкориҳо байни Тоҷикистон Эрон оғоз шуданд:
- Мо бо диди нав, нияту мароти нав ва таваҷҷуҳи хосса ба Тоҷикистон омадаем. Мо хостори рушди муносибатҳои дуҷониба ҳастем ва барои пешрафти он талош мекунем. Мо ҳамкориро пас аз 5 соли интизорӣ аз саҳифаи нав шуруъ мекунем, аз имрӯз фасли нави ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз мешаванд, - гуфт доктор Раисӣ.
Муҳаммадмаҳдӣ Раҳимӣ, хабарнигори шинохтаи хабаргузории
Mehr News Agency ва ҳоло коршиноси бахши сиёсӣ, ки дар ҳайати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҶИЭ зимни сафари доктор Раисӣ ба Душанбе омада буд, дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР гуфт, ки пеш аз сафар ба Душанбе, дар фурудгоҳи Меҳробод Президенти ҶИЭ Сайид Иброҳим Раисӣ бо хабарнигорони эронӣ во хурда, таъкид кард, ки «интихоби ман Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, интихоби ман ҳамкорӣ бо Эмомалӣ Раҳмон аст ва интихоби ман густариши ҳамкориҳо ва эҳёи муносибот бо ин ин кишвари дӯст, бародар ва ҳамфарҳангу ҳамзабон аст!». Яъне, доктор Раисӣ пеш аз парвоз ба Душанбе мавқеи худ, мавқеи раёсати кишвараш ва мавқеии сиёсии ҶИЭ нисбат ба Тоҷикистон ва раҳбарияти он муайан, мушаххас ва интихоб намуд. Доктор Раисӣ сиёсати пешгирифтаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро интихоб кард ва дар ин поя устувор аст!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
Қасри Миллат,
18.09.2021