ХАБАРИ ДОҒ

 

Таври маълум дар даврони шӯравӣ ва умуман нимаи аввали асри ХХ, ки киноиндустрия нав тараққӣ мекард, сензори №1 барои ин «санъати муҳимтарин» сарварони давлатҳо буданд. Ҳама латифаи Сталинро медонанд, ки аз филми беҳунаронаи «Поезд ба Шарқ меравад» дилхаста шуда, вақте қатора меистаду кондуктор мегӯяд «Стансияи фалонӣ», аз ҷо хеста мегӯяд:

-Остановкаи ман. Ман фаромадам!-ва баромада меравад.

Рӯзе Темур Зулфиқоров нависандаи забардаст, муаллифи филмномаи маъруфи Тоҷиккинои «Рояли Сафед» нақл кард, ки дар рости чойхонаи Роҳати пойтахт Котиби якуми ПК РСС Тоҷикистон- Ҷаббор Расуловро дидам, ки гилаомез гуфт:

-Темур Қосимович! О, монед кор кунем. Бо Леонид Илич Брежнев дирӯз филматонро дар Кремл дидем (Он вақт то ГенСек иҷозат намедод филмро намоиш намедоданд!). Манзараи бо хар таксиронии Тоҷиконро дар фурудгоҳ дида, маро маломат кард, ки «наход дар асри ХХ шумо бо харароба меҳмононро пешвоз гиред?». Ба зӯр фаҳмонидам, ки ин филми ҳаҷвист…

            Хулласи калом, ана ҳамин сензураи президентӣ бармегардад. Ҳайдагирем!

Владимир Зеленский-президенти Украина чанде аз филмҳои русиро танқид кардааст, ки чаро дар кишвараш ва он ҳам дар мавзеъи «ғасбшудаи Россия» наворгирӣ ва пахш мешудаанд?!

Депутатҳои украинӣ дуртарак рафта, пешниҳод намудаанд, ки тамомии киноҳои урусӣ баста шаванд. Зеленский, ки худ артист аст, дар ин маврид каме вазнинӣ кардаву гуфтааст:

-О, чӣ хел мешавад, масалан филмеро наметавон нишон дод, ки дар он Лия Ахиджакова паҳлӯи Михаил Пореченков нақш мебозад?-ва ташреҳ кардааст-дуруст аст, ки ахирӣ зидди сиёсати мост ва набояд намоиш дода шавад, вале Ахиджакова тарафдори мост-ку? Пас чаро ӯро буррем??? Ӯ гунаҳкор нест-ку, ки 30 сол пеш дар бари ин ғосиб рол бозидааст…

            Хотиррас мешавем, Зеленский ва командааш 1 зумра артисту актёрони русро «персона нон-грат» шахси ғайри қабул эълон кардаанд. Минҷумла сар аз соли 2015 Вазорати фарҳанги Украина инҳоро «душмани идеологӣ» эълон кардааст:

1.    Олег Газманов

2.    Иосиф Кобзон,

3.    Валерия Перфилова, 

4.    Сергей Пенкин

5.    Александр Розенбаум

6.    Юлия Чичерина,

7.    Владимир Вдовиченко,

8.    Жанна Эппле, 

9.    Олга Кабо

10.Дмитрий Орлов,

11. Александр Петров

12.Евгений Пронин

13.Евгений Стичкин

14.Павел Трубинер,

15.Алексей Чадов,

16.Анастасия Сланевская,

17.Ярослав Сумишевский…

Намоиши филмҳое, ки ишон нақш бозидаанд, манъ аст. Даромадашон ба Украина манъ аст. Консерту вохӯриҳояшон манъ ва ба ҷиноят баробар аст!!!

Воқеан ҳам чунин бархӯрди шадиди Зеленскиймаоб ҳатто дар даврони Сталину Гитлер миёни СССР ва Германия набуд.

«Ун тарафаш артист-да!»-гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter