Президенти Қирғизистон дар нишасти матбуотияш гуфт, мехост Мурғоби Тоҷикистонро гирад-надодааанд. Ва намедиҳем!!! Ин ҳарзаи навбатии сарвари ҳамсоякишвар баъди оне садо дод, ки Бишкек қаблан хост Толибонро танҳо барои наслкушӣ-ӯзбеку тоҷиккушияш дар Афғонистон ба расмият шиносад!!!
Садир Жапаров, ки расо 1 сол пеш аз катаки зиндон озод шудаву тарафдоронаш ӯро оварда, дар кабинети №1 дар Бишкек шинонидаанд, бо арзу ҳарзаҳояш номӣ шудааст. Минҷумла, танҳо баъди сари кор омадани ӯ, «вор в законе»-и дигар дар сари курсии Кумитаи амнияти қирғиз нишаст.
Қамчибек Ташиев, ки низ бо президент дар 1 маҳбас менишаст, баъди раиси кумитаи амният таъин шуданаш, охири моҳи апрели соли пор изҳорот дод, ки мехоҳад Ворухро гирифта, ҷои он аз биёбонҳои қирғиз ҳамин миқдор замин ҷудо кунанду ворухиёнро ронанд ва соҳиби саргаҳи обҳо дар вилояти Суғд шаванд.
Баъди ин изҳорот Амниятчии №1 парвоз карда, Аврупо рафт, то дар зодрӯзи писараш иштирок кунад. Байни 2 кишвар бошад, низоъи мусаллаҳона сар зад. Бишкек чун гурбаи обмӯрӣ худро бегуноҳ медонад. Ҳол он ки нахустин шуда, марзбонони қирғиз сӯи мардуми мулкӣ оташ кушоданд ва ҳатто раиси ш. Исфараро нишон гирифта, захмӣ карданд.
Дар ин конфликт, ки 100% бо айби қирғизҳо сар зада буд, дар тӯли 3 рӯзи 28-30 апрели соли 2021 19 нафар аз ҷониби Тоҷикистон ва 36 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шуда, 87 кас аз ҷониби Тоҷикистон ва 154 кас аз тарафи Қирғизистон захмӣ гардид. Даҳҳо манзил қисман ё пурра хароб шуд. Ҳукумати Тоҷикистон манзилҳои шаҳрвандони худро барқарор кард, вале президенти «законник» ва амниятчии зиндонӣ барои мардуми хеш коре накардаанд.
Садир Жапаров воқеан ҳам «уникум» аст. Дар соли 2010 ин нафар бо ҷонибдоронаш фашистони маҳаллиро дар моҷарои Ҷалолобод ва Ош пуштигирӣ карданд. Бар асари ин моҷаро садҳо ҳазор ӯзбектабор кушта, бехона ва фирорӣ шуданд. Хотиррас мешавем, ки 10.12.2000 дар Ош ва Ҷалолобод 426 ҷасад дарёфт шуд, ки 381 нафарашонро ДНК муайян кард. Боқӣ онгуна ҷароҳатбор буданд, ки шахсияташон то ҳанӯз маълум нест. Дар рӯзи аввал 800 ва то охири конфликт 2000 ӯзбектабор, аз хурд то бузург кушта шуданд. Вале Бишкеки расмӣ барои ин ҷинояти зидди башарият то ҳол посух нагуфтааст.
Баракс, бо усули ғариву пешхезӣ Тоҷикистонро чанд «ҳуқуқдифоъи қирғизӣ» ба суди Гаага доданд. Зеро Тоҷикон дар конфликти Ворух-Чоркӯҳ ба қирғизакон нишон доданд, ки ҷояшон дар куҷост. Тоҷик ҳамин аст. Тоҷик ӯзбек нест, ки гала-гала онҳоро кушиву хаппу дам шинанд. Мо то вақте хомӯшу меҳмонпазирем, ки ҳамсояҳои бангиву ҳангӣ ба марзамон таҷовуз накунанд. СССР зидди ҷанг аст. Вале дар сурати такрори конфликт редаксияи мо ҳозир аст, ки бо тиру тӯп рафта Ворухро ҳифз кунанд.
Ворух аз мост! Мурғоб аз мост!! Тоҷикистон аз мост!!! Ва ин аксиомаест, ки ҳар вор в закони қирғиз бояд дар нӯки бинияш навишта монад.
Мо Метавонем!