ХАБАРИ ДОҒ

 

07.11.2021. Дар рӯзи Инқилоби Октябрӣ, Александр Лукашенко, сарвари Минск, бо дастаи президентӣ, ки писари хурдияш-Николай бо Бобои номдораш дар хатти ҳуҷум мебозанд, боз ба майдони хоккей баромада, ҳамаро ба ваҷд овард.

Батко Лука, ки мухлис ва бозигари нодири хоккей аст, ин навъи варзишро беҳтарин эми коронавирус медонад. Ӯ гуфт:

-Ин ҷо ҳама ях аст. Ин ҷо коронавирус ях мекунад. Зиён надорад. Пас чаро ман ба майдон набароям?

Командаи президент дар бозии нахустин дар «Олимпик-Арена» мунтахаби Брестро 7:3 шикаст дод!!!

Президент худаш, шахсан чанд бор ба майдони ях баромада, доди бозиро дод. Шарт нест, ки Якушеву Харламови хоккейи советӣ бошӣ, муҳим ин аст, ки худи Президент хоккей мебозад. Зимнан хоккей дар Минск варзиши №1 аст. Ва агар фарзи мисол дар кишварҳои Осиёӣ президентон футбол мезаданд, он гаҳ мо ҳатман ба Ҷоми Ҷаҳон роҳхат мегирифтем.

 

Шайбу-шайбу!!!

Вале «шайба»-ҳои задаи Лукашенко дар дигар ҷо садо мебароранд. Мисле, ки Маскав ахиран розӣ шуд, 28 шартномаи нави иттифоқиро бо Минск имзо кунад. Хотиррас мешавем, ғояи барқарорсозии СССР дар шакли нав ва бо 2 кишвар (алон) идеяи Батко Лука буд, ки даҳсолаҳо дар сар мепарвариду Путин бо он ҳамоҳангӣ надошт. Вале баъди оне, ки тӯли 2 даҳсола Кремлро ба Иттиҳоди Аврупову Амрико роҳ надоданд, Маскав маҷбур шуд, дандонҳои худро нишон диҳад ва аз Сухумиву Батумӣ сар кард. Осетияи Шимолӣ низ ба коми Хирси Сафед рафт. Сипас навбати Қрим расид. Днепру Донбассу Приднестровйе низ ҳатман моли Россия мегарданд. Ин вақту замонро талаб дораду бас.

Украина комилан аз чанги Маскав раҳо ёфт ва аз бародари славян ба душмани №1 мубаддал гардид. Зимнан Путин хост ба майдони хоккей бо Лукашенко барояд. Вале дар 1 тим.

Аммо ин дар ҳоле буд, ки Батко мисли Горбачёв ба доми пропагандаи Бузургтарошии Ғарб ғалтид. Зимнан, Минск аз имзои аҳдномаҳои қаблӣ сар тофт ва ҳатто иддао кард, ки дар Маскав «табаддулоти давлатӣ алайҳи кишвар» тарҳрезӣ мешавад ва чанд корманди ФСБ-ро қаппида депорт ҳам кард.

Вале ҳодисоти августии соли 2020 нишон дод, ки Аврупо ва Амрико дӯсти Батко набудаанд.

 

Шайбаҳои сиёсӣ

14.08.2020. Дар Белорус Лукашенко бо раъйи 80% мардум дигарбора президент интихоб шуд ва … кӯчаҳои Минск аз тазоҳургарон лабрез гардид. Норизогиҳо то 23 майи соли 2021 давом карданд. 6000 нафар ҳабс шуд. Машинаи идеологии Ғарб комилан зидди Батко кор карда, аз ӯ золими №1 метарошиду дили Баткоро мехарошид. Кишвар соате ором гирифт, ки Батко самолёти оппозитсионери №1 Роман Протасевичро аз сомон фароварда, худашро зиндонӣ кард. Талхаи оппозитсия кафид!

17.04.2021. Лукашенко расман изҳор дошт, ки бо роҳбарии Амрико дар Минск табуддулоти ҳарбӣ бояд сурат мегирифт ва президенту аҳли оилааш кушта мешуданд. 2 оппозитсионери номӣ-Александр Федут ва Юрий Зянкович дар Россия ҳабс ва ба ҷиноят иқрор шуданд. Табаддулот бояд рӯзи 9 май, ҳини паради ҳарбӣ, сурат мегирифт. Бо ҳамин дастҳои Батко барои ҷазои дигарандешон озод шуду ҳамаи онҳо ҳабс!

Шайбаи охирини задаи Лукашено ба дарвозаи Аврупо кор кард. Маскаву Минск боз ба ҳам наздик шуданд ва ин бор ба назар мерасад, «ҷӯраи ҷонӣ» гаштаанд. Зеро ҷуз ҷӯрагӣ бо ҳам, ВВП ва Батко дигар чорае надоранд. Кӯшиши ҳар 2 барои фаворити Иттиҳоди Аврупо шудан, борҳо ноком баромадааст. Зимнан ин ҷӯрагии маҷбурӣ имкон дорад, ба таваллуди Иттифоқи нав дар қораи собиқ СССР биорад!

Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter