ХАБАРИ ДОҒ

 

 

14.10.1924, бо дастгирии И.В.Сталин дар территорияи собиқ Бухорои Шарқӣ ва дар ҳайъати РСС Ӯзбекистон, ҷумҳурии нав-Республикаи автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Воқеан ҳам ин республика алорағми хиёнаткори №1, рафиқ Абдулло Раҳимбоев ва бо кӯшишу талоши қаҳрамонҳои миллати Тоҷик С.Айнӣ, Ш.Шотемур, Н.Махсумов асос гирифт. Вале во аҷабо, ки то имрӯз пайкараи хунуки хиёнаткори ҳама давру замонҳо барои миллати Тоҷики тоҷдор, рафиқ А.Раҳимбоев дар майдони ситораҳои Хуҷанд қомат задаасту касе ӯро канданӣ нест. «Зеро-мегӯянд ҳолдонҳо-авлодаш дар шаҳри Хуҷанд аз эҳтироми вежа бархӯрдор аст!». Сари мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!

      Таври маълум доҳии пролетарҳои ҷаҳон Ленин В.И. баъди захмӣ шудан аз тири эссерзан Каплан ба худ наомада, аввали соли 1924 аз олам даргузашт. Кор ва роҳи ӯро аслан Ҷугашвилӣ мебурд, ки бо лақаби Сталин маъруфтар аст. Сталин И.В. соли 1922 дар Пленуми Кумитаи марказӣ узви Политбюро ва ГенСеки партияи ҳокими коммунистӣ (болшевикӣ) таъин гардид.

Роҳи Сталин пуршебу фароз аст. Вале маҳз ӯ ҳамчун таъсисдиҳандаи республикаҳои бародарии Осиёи Марказӣ номовар шуда, маҳз бо дастгирии бевоситаи Ҷугашвилӣ дар соли 1924 РАСС Тоҷикистон таъсис ёфт. РАССТ чун Бухоро аз 8 вилоят иборат буд:

1. Панҷакент-8150 вёрст (1 верст- 1066,8 метр),

2. Уро Теппа-5250 верст,

3. Душанбе—10.000 верст,

4. Сари Осиё-11.00 верст,

5. Курғонтеппа-8300 вёрст,

6. Ғарм-26.800 вёрст,

7. Кӯлоб-10.600 вёрст,

8. Бадахшон-50.000 вёрст.

Аҳолӣ – 827.200 нафар.

Баъдан уезди Хуҷанд ба ин республика ҳамроҳ гардида, РССТ бунёд ёфт-давлате, ки шодихӯрдааш моем! Надонистан ва ё ниҳон кардани ин факт гумроҳие беш нест. Зеро паспорти миллати мо бо имзои ин шахсияти воқеан ҳам бузурги таърихӣ бастагии бевосита дорад. Бинед, имрӯз қирғизҳо чӣ даъвоҳое кардан доранд: сароғоз Чоркӯҳ, баъдан Ворух, акнун Мурғоб. Тамомии далелҳои шайъии ғосиб будани қирғизакон маҳз ба арқоми солҳои 1924-1929 рост меояд ва то ин факту рақам дар дасти мост, бовар кун, хонанда, мо бештар аз китоби Тоҷикону Достони Шоҳнома фактҳои антиқирғизӣ дорем!

Фаромӯш ҳам набояд кард, ки даъвоҳои Хитой, худи Россия, Ӯзбекистон низ вуҷуд доштанду доранд, ки ҳамаи онҳо маҳз пеши паспорти соли 1924 ва баъдан шиносномаи тақвиятдидаи РСС Тоҷикистон дар соли 1929 рад мешаванду хоҳанд шуд. Зимнан, кулоҳҳоро аз шодии истиқлолият чанде баланд напартоем, бояд решаҳои таърихии худро мустаҳкам дорем.

СССР бар бовар аст, соати саъде мерасаду 100-солагии РАССТ, РССТ ва ҶТ ҷашн гирифта мешавад. Зеро бе ин на-ме-ша-ваддд!

Имрӯз бошад, дар мини-банкети ҷашни 97 солагӣ, ба арвоҳи Сталин дуруд мефиристем, ки дар пасманзари талошҳои фарзандони фарзонаи миллат РАСС Тоҷикистонро таъсис дода, сипас онро чун республикаи баробарҳуқуқ ба ҳайъати СССР даровард. Вагарна мо озодиву давлатдориро дар шаби хоб ҳам намедидем.

Мо Метавонем!,

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter