19.11.2021. Стив Коэн ва Ҷо Уилсон – 2 конгрессмени ИМА пешниҳод карданд, ки Путинро чун президенти расмӣ қабул набояд кард ва Амрико нахустин шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ, бояд президенти интихобкардаи мардуми русро сарвари давлати Россия нашмарад! Конгрессменҳо ин пешниҳодро бо вожаи эҳтимолии «АГАР…» қабул карданиянд:
-Агар ВВП тасмим бигирад дар интихоботи соли 1924 иштирок кунад ва магар магар дар ун интихобот ғолиб ояд…
Агарро бо магар тазвиҷ карданд,
Аз онҳо баччае шуд, КОШКӢ ном!!!
Ёд доред, иддаои Лаку Пакро?
-Бача дар сафар:
Номаш Музаффар!!!
Ба ин фарқ, ки Коэн ва Уилсон Лак ва Пак не, намояндагони Ҳизби Ҳоким, ҳизби Демократанд. Ҳизбе, ки Ҷо Байденро сари кор овардааст… ва ҳизбе, ки фол зада мешуд, агар сари кор ояд, ҳатман бо Россияи православ муносиботаш «чатоқ» мешавад. Зеро демократҳо католикҳои гузароянд ва мисли шиъаҳо, ки сунниҳоро, православҳоро дӯст намедоранд. Дӯст намедоранд? Бад мебинанд!!!
Дмитрий Песков-сухангӯи Кремлин ин иддаои Стив ва Ҷоро «ҳарзае, ки ба чорчӯбаи дипломатияи муосир намеғунҷад!» унвон карда афзуд:
-Мо бар боварем, ки танҳо русҳо метавонанд интихоб кунанд, ки Кӣ ва Кай президенти ФР шуда метавонад!
Дар ҳамин маврид депутатҳои Госдума аз моҷаро канор нарафта, проекти ҷадиди конгрессменҳоро «дахолат ба корҳои дохилии Россия» хонданд. Андрей Климов ва Константин Косачёв ин амалро «пиари сиёҳ ва таблиғи шахсиятҳои зирабт» эълон карданд.
Олег Матвейчеви политтехнолог аз Госдума бошад, Амрико ва Ғарбро дар ҷангандозии миёнихудии славянҳо муттаҳам карда гуфт, «онҳо зери тарсу ҳароси ҷанг-ҷанг-ҷанг сар мешавад, Путинро агрессор мехонанд, ки бояд ба Киев, Варшава ва Истамбул ҳуҷум кунад. Дальше-больше, мо Чехия, Венгрия ва боқӣ кишварҳои собиқ сотсиалистиро мегирем! Ин барои он аст, ки кишварҳои мазбур тарсида, яроқу аслиҳаи онҳоро харанд».
Гӯиё барои исботи ин теорияи Олег бошад, ки Кирилл Буданов-собиқ фармондеҳи ГРУ (главное управление разведки) Украина исбот кардааст, ки «охири январ ва ё аввали феврал ФР бо 92 ҳазор солдат Украинаро ғасб хоҳад кард!».
«Поживём-увидим!»-гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ, ки ҳар боре сухан сари немису советӣ мерафт, файласуфона ба дуриҳо нигариста, чунин мегуфт….