ХАБАРИ ДОҒ

 

Президенти Россия, В.В.Путин комилан эмгузаронӣ шуд. Дар ин бора маркази матбуотии Кремлин хабар дод. Ва аммо дар хабар 1 иштибоҳи нозук мегузарад. Тибқи хабар ВВП ҳанӯз дар тобистон курси пурраи ваксинатсияро гузаштааст. Вале таври маълум Путин дар саммити бахшида ба воқеоти Афғонистон озими Душанбе нашуд ва пресс-секретараш гуфт, гӯиё Путин коронавирус шудааст…

Он замон доираҳои наздик ба сиёсат мегуфтанд, ки Кремл миёни Толибон, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО манёвр мекунад. Вале аҷобати кор ин аст, ки ин 3 ниҳод Маскавро ба дурустӣ дӯст намешмаранд. Ва аммо Кремл бо иттифоқчиёни осиёияш, ба вежа Тоҷикистон, ки мавқеи антитолибӣ дошт, мушогурбабозӣ карданист. Воқеан ҳам қартаи Бадахшон баъди ин бозиҳо рӯи кор омад. Яъне Маскав бозиро сар кард…

 Ва дар ҳамин мавриде, ки Кремл аз тарсу ваҳми коронавирус гап мезад, Михаил Саакашвилӣ, президенти собиқи Гурҷистон, ки дар таърихи 08.08.08 нисфи кишварашро аз даст дода буд ва 1 вируси нави сиёсӣ барои Маскав маҳсуб меравад, боз аз худ дарак дод.

Мишка, ки тӯли чанд моҳ ҳабс асту дар зиндон гуруснанишинӣ эълон карда буд, ба нохост гуфт, омодааст ба суд биояд ва даб-далаи Тифлиси расмӣ ва Маскавро барорад.

Саакашвилӣ дар суд гуфт, гӯиё «Батко Лукашенко, охири ноябри соли 2007 ба ман огаҳӣ дод, ки Маскав ба ғасби Гурҷистон шуруъ мекунад!». Ана гап сари чист? То ин дам ҷамоаи ҷаҳонӣ ҳайрон буд, ки Саакашвилӣ чаро ба Гурҷистон омадаву чаро худро зиндонӣ кардааст. Маълум мешавад, ки Аврупо ва НАТО махсус ӯро ба Тифлис равона сохтанд. Кунун, бояд Лукашенко-президенти Белорус ба ин иттиҳоми президенти Гурҷистон расман посух гӯяд. Ва мутмаин бошед, ки сӯҳбати онҳо сабт-запис шудааст..

Хотиррас мешавем, Саакашвилӣ аз интригант-президентҳои собиқ давлати СССР аст, ки пои қадамаш ҷое расид, ҳатман иғвову инқилоб мехезад.

 Михаил Саакашвилӣ ҳоло зиндонист. Ӯро барои қатли генпрокурори вақт ва саркӯбии митинг дар ҳамон соли 2007 муттаҳам мекунанд. Митинге, ки гӯиё бояд бо табаддулоти давлатии а ля Путинӣ дар Гурҷистон хатм меёфт.

            Ба 1 ҳарф коронавируси сиёсии  Путин дар симои Саакашвилӣ дар ҳолати хуруҷ аст ва ин пандемия акнун Беларус, Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Кремлро фарогир хоҳад печид. Зеро ин ҳафта Мишка Саакашвилӣ «ноҷуриҳои сиёсии Кремлро ошкор хоҳад кард!». Мунтазир мешинем. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter