Ҷо Байден, президенти Амрико, ба таҳдиди рӯирост гузашт, ки гуфт, Путин бояд Армияашро аз марзҳои наздик ба Украина барорад! Посухи ВВП низ интизорӣ-дежурный буд:
-Мо дар марзҳои худ, куҷое хоҳем, қувваҳои худро мегузорем ва ба маслиҳатчӣ ниёз надорем!
2 президенти абарқудрат ба ҳамдигар дар соате, ба гуфтаи мардуми солори хизматкарда, «храп» мезананд, ки вазъият дар Аврупои Шарқӣ воқеан ҳам бад шудааст. НАТО бо тамомии фишангҳои таҳдиду фишор Маскавро тарсониданист. Кремл табиист, ки наметарсад. Инзивоъ, фишор, санксияҳои иқтисодӣ, ки 13 сола шуданд, нишон доданд, ки бар нафъи Россия кор кардаанд. Ҳамин соат моро 1 гуфтаи пайғамбарони Ангела Меркел-канслери Германия ёд омад, ки 15 сол пеш ҳушдор медод:
-Россия зери фишорҳо мустаҳкамтар мегардад!!!
Ва воқеан ҳам Россияи санксиябори Путинӣ аз Россияи фаворити амрикоии даврони Елтсин ба карат фарқ дорад. Кишвар мустаҳкамтар шуда, аз истеъмоли маҳсулоти аврупоӣ ба «огороди худӣ» гузашт. Дар натиҷа кишоварзони Аврупо зарар диданду кишоварзии ФР рушд кард.
Вақте ҷанг дар Сурия шуруъ шуд, ҳадаф ликвиди Башор Асад-президенти русияпарасти ин кишвар буд. Ҷанг то соате давом кард, ки НАТО монда шуда, аз минтақа баромад. Баробари рафтанаш, чун Толибон дар Афғонистон, Россия, Эрон ва Асад Сурияро аз ДИИШ озод карданд. Зеро ракетаҳои аз баҳри Сиёҳ партофтаи Кремлин рост ба мақари ДИИШ мерасид, на чун бомбаҳои НАТО, ки дуртарак аз ҳадаф меуфтоданд.
То ин дам бошад, Россия қаламравашро васеъ кард. Аз ҳисоби Гурҷистони таҳти сарпарастии НАТО қарордошта.
Украинаи Аврупогардида бошад нисф зиёди сарзаминашро аз даст дод. Маскав расман Қримро гирифт ва дасти НАТОро дар Баҳри Сиёҳу Каспий кӯтоҳ кард. Донбасу Донетску Луганск 21 рӯз кам 8 сол мешавад (14.04.2014 оғози ҷанг), ки де-юре моли Киеванду де-факто аз Маскав!
Вақте Бруссел нахост Путин лӯлаи «Северный поток-2» созад, Маскав лӯлаи нав «Сила Сибири»-ро ҷониби Хитой кашид. Талхаи Аврупо кафид ва алорағми Киев иҷозат дод, ки Кремл трубопроводашро созад.
Зимнан, ахирин таҳдиди НАТО ба Россия ҳамин храпи низомӣ монда буд, ки ба он низ даст зад. Вале фаромӯш набояд кард, ки таври маълум урусҳоро бо ҷанг наметавон тарсонид. Ин корро дар соли 1941, расо 80 сол пеш, 1 нафари дигаре низ карда буд ва ҳама медонад, ки он храпу он ҷанг бо чӣ анҷомид…