ХАБАРИ ДОҒ

 

 Депутат Сергей Митрохин аз ҳизби «Яблоко» пешниҳод кард, ки ҷасади Ленинро аз Мавзолей бароварда, дуртар аз Москва, дар пеши падару модараш ба дасти хок диҳанд. Далел барои ин моҷаро, ба гуфтаи Митрохин ин буда, ки «Ленин падари бадиҳост» ва Россияро маҳз ӯ то имрӯз варшикаста кардааст. Нусхаи асл бо русӣ оварда мешавад, ки хонандагони мо ин забонро хуб медонанд:

 

 «Человек сделал много зла для нашей родины. Из-за него мы и сейчас являемся отсталой страной, он же является символом узурпации власти. Он за немецкие деньги осуществил государственный переворот, захватил власть и разогнал учредительное собрание, которое должно было определить путь развития страны и выразить народную волю».

 

Таври маълум ҳизби «Яблоко» 1 партияи шодихӯрдаи Ғарб аст ва солҳои тӯлонӣ бо СССРпарастон ҳарб мекард. Вале чаро ин «себхӯрак» маҳз ин рӯз проблемаи Ленинро бардошт?

 

Витсе-спикери Госдумаи Россия, Борис Чернышов бошад, аз ин пештар рафта, пешниҳод кард, ки ҷасади Сталинро аз назди Кремл бароварда, партоянд ва Ленинро аз Мавзолей гирифта, гӯронанд.

 

Ин сару садо дар ҳолест, ки Зюганов-коммунисти №1 бо фраксияи КПРФ аз Дума дархост карданд, ки Донетску Луганскро ба ҳайси ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол Россия шиносад!

 

«Ана саг дар кӯчо гӯр шудааст!»-гуфти мардуми урус. Яъне шодихӯрдаҳои Ғарб мехоҳанд ин масъаларо Дума баррасӣ накунад. Вале мутмаинан Дума дар раъйпурсӣ ДНР ва ЛНР-ро ба ҳайси республикаҳои халқӣ ва ҷудо аз Украина хоҳад шинохт. Зеро таври маълум, гуфтушунуфтҳо миёни Путину Байден маззаи оштӣ нагирифтаанд ва НАТО ба марзҳои Россия наздиктар шуданист.

 

Хотиррас мешавем, ки Ленин В.И. 21.01.1924 дар синни 53 солагӣ, баъди захмӣ шудан аз тири таппончаи эссерзан Каплан, фавтида буд. Ӯ аз худ давлати бузурге бо номи СССР ба мерос гузошт. Ба ин давлат 15 ҷумҳурии советии сотсиалистӣ бо даҳҳо автономияҳо шомил буданд. То мавҷудияти СССР НАТО ва Амрико аз тарси Армияи Советӣ ба ЯГОН кишвари олам таҷовуз намекард. Вале баъди пошхӯрди давлати ленинӣ дар соли 1991, дасти НАТО боз шуд ва тамомии кишваҳои мусалмоннишинро зеру забар намуд. Имрӯз бошад, мехоҳад марзҳои НАТО бо сарҳади Россия баробар шавад, то дар сурати таҷовуз Маскавро сари зону шинонад.

 

Агар касе фаромӯш кардааст, ёдрас мешавем, ки маҳз ҳамин раҳматии Ленин буд, ки Украинаро таъсис дод ва ба занаш Надежда Константиновна Крупская Полшаро тақдим кард. 2 кишваре, ки бо дахли бевоситаи Илич арзи вуҷуд доранд ва имрӯз душмани №1 барои Кремл шудаанд.

 

Дар ҳар сурат дар миёни бародарони советии собиқи мо-Россия ва Украина ҳатман 1 қабр канда хоҳад шуд ва ин қабри Ленин аст ё Зеленский вақт нишон хоҳад дод…

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter