ХАБАРИ ДОҒ

 Дар ҳоле, ки то ҳанӯз ягон кишвари узви СНГ ва ОДКБ назаре дар мавриди моҷароҷӯйии қирғизҳо дар марз ва ғасби ин қавми степнишин замини аждодии моро, ҳарфе назадааст, ҳукумати нохондаи Толибон ба Бишкеку Душанбеи расмӣ маслаҳат дод, ки низоъро бо роҳи гуфтушунуфт ҳаллу фасл кунанд. Дар изҳороти вазорати хориҷаи Толибон аз ҷумла омадааст:

 "Имороти Исломии Афғонистон робитаҳои дӯстона миёни тамомии кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад. Мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем, то ба мушкилоти пасин, аз тариқи гуфтугӯ роҳи ҳал дарёбанд".

Ин «маслаҳати сулҳомез»-и Толиб дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон давлати онҳоро ба расмият намешиносанд ва ҷумбиши фашистии Толибонро 1 ҳаракати террористӣ мехонанд.

Дар ҳамин маврид, Толибон 5 моҳ аст, ки зимоми қудратро аз Ашраф Ғании тарсӯ ва Амрикову НАТО-и думходанамуда, гирифтаанд. Дар ин ним соли тақвимӣ зиндагонии бе ин ҳам фалаҷи афғонҳо фалаҷтар гардид. Гуруснагӣ, ташнагӣ, сардӣ ва дар кулл буҳрони ҳамагир, чун пандемия ин кишварро печидааст. Кор ба ҳаддест, ки бонувони афғонӣ духтарони ноболиғ ва кӯчаки худро, аз тарси гуруснамирӣ, бо тоблуи «Фурӯшист!!!» дар кӯчаҳо ба фурӯш гузоштаанд (ниг. ба расм).

Толибон он чиро, ки мехостанд, сари Афғонистон оварданд, яъне кишварро  ба асрҳои 7-8, даврони зуҳури ислом, сохтори ғуломдорӣ баргардониданд. Дигар дар ин кишвар таассуб ва ҷаҳли комил ҳукмрон аст. Ва ин дар ҳолест, ки аз Афғонистон ҳатто аъзои ҳукумати Толибон мегурезанд. Ба ҳамин тартиб, ҳини сафари аввалини расмии Толибон ба Шветсия, 2 тан аз аъзои ҳукуматашон думро хода ва ба Шветсария фирор карданд (ба акси 2 нигаред, фирориҳо дар давра гирифта шудаанд). Яъне чӣ? Яъне ба дарозумрии Толибон ҳатто худашон бовар надоранд!

Вале баргардем сари моҷарои қирғизу тоҷик. Ахиран, шаби 27.01.2022 Бишкеки расмӣ ба ҷинояти низомӣ даст зада, 2 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла табиберо кушта, даҳҳо нафарро захмӣ кард. Ин дар ҳолест, ки дар таърихи 28.04.2021 марзбонони Тоҷик ба ин қавми биёбоншин посухи конкрет ва шадиде додаву гӯшмолашон карда буданд. Он даврон Жапаров-президенти қирғиз ваъдаи хатми ҷанг дод. Аммо вақт нишон дод, қавме, ки 1 умр бо зӯр кор мекард, ҷуз зурӣ дигар ҳарфе намешиносад. Зимнан беҳуда вазири хориҷаи Толибон, ки замоне худаш низ мисли президенти ҳамсоякишвар зиндонӣ буд, ба ҳукумати мураттаб аз ҷинояткорони собиқи Бишкек дархости сулҳ мекунад.

Зӯрҷӯӣ доред? Мо низ зӯроне дорем, ки гардани дилхоҳ зӯрро мешикананд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter