ХАБАРИ ДОҒ

 11.02.2022. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедови 64 сола тасмим гирифт, ба истеъфо равад. Ин дар ҳолест, ки то охири даври 3-уми ҳукмронияш 2 сол боқӣ мондааст. Хотиррас мешавем, Қурбонгулӣ баъд аз марги муфоҷои Туркманбошӣ-Сапармурад Бердимуҳаммадов дар соли 2007 сари қудрат омада буд. Он замон аз ӯ чун «фарзанди зани дуввуми Туркманбошӣ» ёд мекарданд.

12.03.2022.Дар ин рӯз интихоботи ғайринавбатии Туркманистон мегузарад ва интизор аст, ки Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола президенти ин кишвар интихоб шавад. Дар ҳар сурат, ҳизби ҳоким номзадии писарро ҷои падар пешбарӣ кардааст. Сардор муовини сарвазир, яъне ҷонишини падараш буд, ки гуфта мешавад ҳамакнун ҷойгузини ӯ хоҳад шуд!

  Вале ин барои нахустин бор нест, ки писарони президентон худ президент мешаванд. Илҳом Алиеви 42 сола дар соли 2003 ба ҷои падараш Ҳайдар Алиев президенти Озарбойҷон интихоб шуд ва ҳудуди 20 сол аст, ки ҳукуматро дар қабзаи худ нигоҳ медорад.

Ҳайдар Алиев аз номенклатураи ҳизби коммунисти советӣ буд, ки солҳои тӯлонӣ сарвари РСС (1969-1982) ва сипас Ҷумҳурии Озарбойҷон (1993-2003) гардид. Ӯ ба ҷои Абулфайз Элчибойи миллатгаро, ки дар қудрат дер напоист, сари кор омада, то рӯзи маргаш (31.10.2003) раисиҷумҳур боқӣ монд. 55 рӯз баъд аз фавташ писараш дар курсияш нишаст, ки то имрӯз комгорона ком меронад.

 Дар Амрико низ писар дар ҷои падар нишастааст. Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки аз соли 2001 то 2009, дар 2 давра ҳокими Кохи Сапед буд, писари Ҷорҷ Буши калонӣ, президенти №41 аст. Президенти №43, баъди нокомии падар дар соли 1993, ки Билл Клинтонро сари кор гузошт, маҳз бар Клинтон пирӯз гашта, қасди падар ситонид.

 Теъдоди афроде, ки ҷои падар президент шудаанд, дар олам кам нест. Вале маъруфтарини онҳо Ким Чен Ин мебошад, ки ҷои Ким Чен Ир дар соли 2011 ба қудрат расида, ҷаҳонро дар ҳолати шокӣ ва тарс нигаҳ медорад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter