22.02.2022. Сафват Бурҳонови мо, ки муқими Одесса аст, шартро бохт! Ҳафтаи пор Сафват навишт, ки Россия аз тарси фишорҳои Аврупо ва Амрико ҳич гоҳ бо Украина дастдарозӣ намекунад. Сардабири СССР навишт, на дуртар аз сари ҳафтаи нав (21.02.2022) Маскав ба ғасби Украина шуруъ мекунад. 21.02.2022 Путин В.В. республикаҳои Донетск ва Луганскро ба расмият шинохт! Ин чӣ маъно дорад? Акнун ин 2 кишвари худхонда метавонанд бар асари референдум расман ба Россия ҳамроҳ шаванд. Ҷанги 8 сола хатм мешавад ва ё аланга мезанад? Ба фикри мо анҷом мепазирад. “Зеро ин тавр то ба беохир давом карданаш имкон надошт!”-ин акнун иддаои Путин аст, ки пас аз шинохти 2 кишвари русзабони украинӣ мегуфт.
Ин ҷанг аст!
Дар асри 21 шарт нест, ки ҳатман бо танку тӯп кишвареро гирӣ. Луганску Донетск ва Қрим гунаи ин ғасб аст. Кори Зеленскийи масхарабоз капут шуд! Борҳо гуфта будем, бо клоунада ҳукмронӣ намешавад. Хосса, ки Киев вассали Амрико мегардид. Ин ҷо Россия аст, гуфти худи урусҳо “Это Россия, детка!”.
Блитскриг намешавад!!!
Ҷанги барқосо, ҷанге, ки Гитлер бар муқобили Ленингради СССР карда буд, дигар намешавад. Ба иддаои ВВП Киеви расмӣ дар тӯли солҳои 2014 ва 2015 мехост блитскриг кунад Донбассу Луганскро-нашуд. Инро Зеленский мехост дар таърихи 20.02.2022 такрор кунад. Кремл 2 кишварро ба расмият шинохт. Ин ба маъниест, ки ҳар тири сӯи Луганксу Донетск кушодаи Киев ба Маскав мезанад ва посухи расмӣ дорад.
“Қатли шаҳрвандони одӣ, блокадаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳқири одамон...бас нашуд. Ин бадбахтӣ на сар дораду на охир!”-гуфт ВВП ва афзуд “режими Киев дигар бархурдро намепазирад. Ин режим 8 сол шуд, зидди мардуми худаш, ки зидди Майдан буданд, ҷанг дорад”...
Украинаи Ленинӣ
Украинаи имрӯзаро метавон “Украинаи ба номи В.И.Ленин хонд”-афзуд Путин-зеро воқеан ҳам ин республикаро Ленин ба таври сунъӣ сохта буд. Ва барои ин хидматҳо ҳайкали Ленинро дар тамоми Украина, бидуни Донбасу Луганск вайрон карданд! Ин аст хотираи хахолҳо?
Шумо декомунизатсия мехоҳед? Дастовардҳои коммунистонро вардоштаниед?-суолгузорӣ кард ВВП-пас бок нест, мо ба шумо ёрӣ медиҳем. Мо омодаем ба Украина нишон диҳем, ки декомунизатсия чист?!
Навбати кист?
Воқеан ҳам, агар Украинаро Ленин сохтааст, пас Қримро Хрушёв ба Киев тӯҳфа карда буд. Шинохти ҷумҳуриҳои худхондаи Луганску Донетск чун шинохти Қриму Осетия ва Абхазия паёмади ногувор бар республикачаҳои хурди собиқ советӣ дорад. Ва аммо ин рафтори ВВП дӯстони Осиёияашро низ метуронад. Хотиррас мешавем, ки бидуни Тоҷикистони азиз, дигар тамомии республикаҳои осиёӣ, маҳсули зарофату фантазияи болшевиконанд. Ягон миллати осиёӣ, бидуни Тоҷикон таърихи давлатдорӣ на-до-рад. Дар дохили аксари ҷумҳуриҳои ОМ боз вилояту республикачаҳои автономӣ-мухтор вуҷуд доранд. Беҳуда нест, ки сепаратистони осиёӣ, ки мехоҳанд «урусӣ шаванд», хурсандӣ мекунанд. Вале ин ҷо тамоман вазъият дигар аст. Ин ҷо ИГИЛ, ДИИШ, Толибон ва ҳатто наҳзати ислом дар паҳлӯтонанд. Эҳтиёт ними ҳаёт-гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ…