07.05.2022. Чошти ин рӯз, тавре шоҳидон гуфтанд, Назрулло Абдулваҳҳобов, дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин рӯз на танҳо тамомии шаҳри Кӯлоб, ки раҳматӣ ин ҷо солҳои тӯлонӣ (аз даврони шӯравӣ то ҳол) кору зиндагонӣ мекард, ки мардуми Кангурту Данғара, ҷое, ки ӯ таваллуд шудаву ба камол расидааст, мотам дошт. Ҳазорон-ҳазор нафар аз тамомии гӯшаву канори кишвар ба ҷаноза ташриф оварданд, ки бозгӯи нуфуз ва иззати ин марди ватансоз дар назди Ҳукумати ҶТ маҳсуб меравад. Ба вежа Ҳасан Саъдуллозода раиси Ориёнбонк, Исмат Абдуллозода-раиси фурудгоҳи ш.Душанбе, Абдуҷаббор Азизов-муовини аввали ҲХДТ, Курбон Ҳакимзода- раиси вилояти Хатлон, Бахтиёр Назарзода-раиси ш. Кӯлоб, Шерхон Салимзода-собиқ додситони кулл, Эшони Сайидмуттаҳар-сархатиби н. Данғара... роҷеъ ба кору фаолияти худобиомурз хотироти аҷибе нақл карданд. Ҷанозаи марҳум рӯзи 08.05.2022 соати 10:00 дақиқа дар масҷиди мавсуф ба “Масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо” хонда шуда, майит дар соати 12:00 дақиқа дар оромгоҳи Бошбулоқи н. Данғара, паҳлӯи қиблагоҳаш, ба дасти хок рафт.
Устод Абдулваҳҳобов бо газетаи мардумӣ низ муносиботи хубу ҳасана дошта, то дами марг бо мо ҳамкорӣ мекард. Минҷумла матлаби охирини ӯ, ки аз бистари маризӣ дар бораи Убайдулло Раҷабов навишт, ҳамагӣ 3 шумора пеш, дар СССР№17 (719), аз 28.04.2022 нашр шуда буд...
Рӯҳат шоду манзили ахиратат обод бод, устод, дӯст, муаллиф, ҳамақида ва ҳамдиёри гиром. Мо Метавонем!
Зиндагинома
(тав. 10.05.1938, деҳ. Чавроғ, ноҳ. Кангурт), ходими давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).
Мактаби 7-солаи ба номи Пайрав Сулаймонии зодгоҳ, мактаб-интернати Кангурт (1957), факултаи физика ва математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллои Рудакӣ (1957-1962).
Муаллими мактабҳои миёнаи ноҳ. Данғара (1962-1966), инструктори шуъбаи ташкилии ҲК ноҳ. Данғара (1966-1969), котиби Комиҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ноҳ. Данғара (1969-1972), Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ ш. Тошканд (1972-1974), котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вил. Кӯлоб (1974-1987), намояндаи Шӯрои Вазирони СССР оид ба дин дар вил. Кӯлоб, мудири шуъбаи кадрҳои Идораи хизмати маишии ш. Кӯлоб, сардори Дастгоҳи ҳукумати вил. Хатлон дар вил. Кӯлоб (1987-1995).
Роҳбари Дастгоҳи Шӯрои Олии ҶТ (1995-2000), роҳбари Дастгоҳи МН МО ҶТ (2000-2004), сардори Раёсати хоҷагӣ – маъмурии дастгоҳи Вазорати алоқаи ҶТ (2005-2007), муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (2007-2010).
Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1970), «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1986) мукофотонида шудааст.
Муаллифи китобҳои «Қиссаҳои зиндагӣ», (2008), «Сайри андеша» (2013), «Муште аз хирвор» (2013), «Ваҳдатовар» (2014 бо У.Шерхон), «Ғуруби хуршед» (2014), «Ёдвораи нотамом» (2015), «Азизи дида», (2016), «Эҳёи Кангурт» (2016, бо У.Шерхон).