25.04.2022. Президенти Россия, Путин В.В. дар дидор бо кормандони Генпрокуратураи Россия гуфт, «ФСБ аз куштори фармоишии журналисти саршиноси рус-Владимир Соловёв ҷилавгирӣ кард».
Сӯҳбат сари тоссарон ё худ фашистони русиявии ташкилотҳои скинхедии National Socialism/White Power меравад. Гуфта мешавад, ҳамаи террористон, ки ба қатли журналист омодагӣ мегирифтанд, гражданини ФР будаанд, ки гӯиё «бо супориши Хадамоти Бехатарии Украина қатли Вл.Соловёвро тарҳрезӣ кардаанд».
Хотиррас мешавем, Владимир Соловёв аз шинохтатарин журналистони рус аст. Ӯ муаллиф ва барандаи «Вечер с Владимиром Соловьевым» буда, ҳамеша мавқеъ ва мавзеъи сиёсии Украинаро танқид ва Киеви расмиро ба фашизм, натсизм ва ҷангандозӣ айбдор менамуд. Бархе ӯро «забони Кремл» ҳам мехонданд. Зеро баъди баҳсҳои шадидуллаҳни ӯ Кремл айнан аз рӯи онҳо амал менамуд.
Бо ин ҳама, журналист Соловёв аз дӯстони миллати Тоҷик ва давлати Тоҷикистон буда, дар тӯли 2 даҳсолае, ки барандаи муҳимтарин ва пурбинандатарин барномаҳо дар ТВ ва Интернет аст, ҳамеша аз манофеи Тоҷику Тоҷикистон пуштигирӣ мекард ва худро дӯсти Тоҷикон нишон медод. Воқеан ҳам ин журналист аз Кӯлобшаҳри Бостонӣ чандин дӯстони наздик дорад, ки ба тӯю сӯрашон равуо дошт ва маданияту фарҳанги қадимаи Тоҷиконро на танҳо аз рӯи китобҳои таърихӣ, ки дар амал ва аз наздик мешинохт. Маҳз ҳамин ошноӣ ва поси намаки дӯстонаш будӣ, ки ҳамеша ва дар дилхоҳ маврид аз Тоҷикон пуштибонӣ мекард.
Дар пасманзари фошшавии ин террор, Владимир Соловёв ҳамному насаби ӯ ва Раиси Иттифоқи Журналистони Россия (ИЖР) аз ҳамтоҳои худ даъват ба амал овард, ки «мулоҳизакор, эҳтиёткор ва боҳуш шаванд.» Раиси ИЖТ гуфт, шояд соате расидааст, ки ба журналистони пешбари ФР муҳофиз ё худ «телех» ҷудо кунанд. Соловёв навишт, «"Первый канал", телеканал "Россия", НТВ, ки серпуланд ин имконотро доранд ва кормандони маъруфашонро ҳифз мекунанд, вале дигар журналистони номдор низ бояд бо мудофеъ ё худ телех таъмин гарданд».
Аз пинҳонгоҳи муттаҳамон ба террори журналист, скинхед-фашистони рус, норинҷак, камони шикорӣ, таппонча, «коктейли Молотов» ва дигар маводи тарканда ёфт ва мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо шиносномаҳои Укроинӣ доштаанд ва баъди қатли Соловёв бояд ба хориҷ фирор мекарданд.
Воқеан ҳам ин ҳамон тоссару скинхеду фашистоне мебошанд, ки тӯли 30 соли ахир Тоҷикон ва дигар «нерусский»-ҳоро мекуштанду газетаи мардумии СССР аз хатари овезон сари худи ФР бонги изтироб мезаду касе дар Крем ин ҳушдори моро ба ҷидд қабул намекард. Ин оғози кор аст ва то ин ҷараёни скинхедӣ решакан нашавад, Россия осебпазир аст.
Мо Метавонем!