Собиқ ташкилоти террористӣ-экстермистии «Ҳизби наҳзати ислом» зери роҳбарии душмани миллати тоҷик ва дини мубини ислом Муҳиддин Кабирӣ ҳоло ҳам аз гузашти рӯзгор дарси ибрат нагирифта, бо маблағгузории хоҷагони хориҷии худ барои рехтани хуни миллати тоҷик кӯшишҳои худро идома дода истодааст.
Ин дафъа ин марди палид ва ба ӯ монанд Алим Шерзамонов ва Улфатхоним Масумовна аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хусусан зери роҳбарии Мамадбоқиров Мамадбоқир истифода намуда, кӯшиши ғасби ҳокимиятро дар шаҳри Хоруғ карданд. Онҳо фикр намекунанд, ки бо ин амали худ мумкин аст хуни чандин нафари бегуноҳ рехта шавад, чандин нафар ҷавонони ҳоло ширинии ҳаётро начашида паси панҷара мешаванду кӯдакони хурдсоли онҳо бепарастор мемонанд.
Дуруст аст, барои Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамонов тақдири шумоён фарқият надорад, чунки худи онҳо аз Ватан гурехтаву дар ғарибӣ зиндагӣ доранд ва барои онҳо тақдири ҷавонони бадахшонӣ умуман фарқ надорад.
Эй ҷавонони баору номуси Бадахшон, наход шумоён фирефтаи чунин номардон ва душманони миллат гардед? Шумо фикр намекунед, ки вақте шумоён паси панҷара мешавед, Муҳиддин Кабирӣ, Шерзамонов Алим, ё ин ки Мамадбоқиру Улфатхоним барин шахсиятҳои ҷоҳил фарзандони шумоёнро нигоҳубин мекунад, ба падару модари шумоён раҳмат мегӯянд? Не, асло не. Онҳо ба кайфияту маишати худ овораанд, ҳатто ба назди шумоён намеоянд-ку. Аз дур истода, шумоёнро ба ҷаҳолат ва бародаркушӣ равона сохта истодаанд. Ҳатто Улфатхоним ба Хоруғ омада, мардумро гумроҳ карда, худаш ба шаҳри Душанбе фирор карда, ба паҳлӯи шумоён наистод-ку. Чунки ӯ барин зани ҷоҳил аз ҳаёт ва озодии худаш метарсад, барои ӯ озодӣ ширин аст.
Ба ҷони 8 нафар террористони кушташуда ва 70 нафаре, ки дар ноҳияи Рӯшон дастгир шуданд, кадоме аз нафарони аблаҳи болозикр пуштибонӣ мекунад. Касе ҷиноят содир кард, худ дар назди қонун ҷавоб медиҳад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат чандин ҳуқуқвайронкуниҳои шумоёнро дар шаҳри Хоруғ солҳои тӯлонӣ бахшиданд. Бахшидани гуноҳҳои шумоён аз он иборат буд, ки ақлу фаросати худро кор мефармоед, сиёсати сулҳҷӯёнаи имрӯзаи кишвари Тоҷикистонро дуруст дарк мекунед ва барои некӯаҳволии мардуми сарзамини худ талош меварзед.
Мардуми Бадахшон аз қадимулайём мардуми бофарҳангу бомаданият ва дорои таърихи куҳан мебошад. Ҳамасола ҳазорҳо-ҳазор сайёҳон аз вилояти Бадахшон дидан мекунанд ва беҳуд нест, ки Помирро «Дарвозаи тиллоӣ»-и Тоҷикистон ном мебаранд.
Худ як қазоват кунед, ки дар муддати 30 соли сипаришуда бо ташаббус ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат дар Бадахшон чӣ қадар навовариҳову бунёдкориҳо ба амал омаданд. Вилоят пурра бо нерӯи барқ таъмин аст, наврасону кӯдакон оромона дар кӯчаҳо бозӣ доранду модарон аз тинҷиву амонии сарзаминашон дуои хайр мекунанд. Роҳҳо таъмир гаштаву биноҳои замонавӣ қомат афрохта истодаанд.
Аммо, имрӯз як гурӯҳ ҷинояткорон фирефтаи созмонҳои байналмилалии ифротӣ гашта, силоҳ ба даст гирифта, ба муқобили мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар баромад карданд ва кӯшиши ғасби ҳокимият ва халалдор сохтани тинҷиву амонии кишвари мо гардиданд. Бешубҳа, ин гурӯҳи ҷинояткор аз хориҷи кишвар маблағғузорӣ гардида, бо силоҳу аслиҳа таъмин шуданд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҷинояткорони муташаккил бо Толибони афғон сару кор дошта, мумкин аст ба қувваи онҳо умед мебанданд.
Лекин, онҳо намефаҳманд, ки Толибон, ба монандаи М.Кабирӣ ва Шерзамон, Боқию Улфатхоним ҳеҷ гоҳ барои ободии сарзамини шумоён кор намегиранд. Онҳо манфиатҳои худро дошта, мақсади ягонаи онҳо барпо намудани Хилофати Аморати Исломӣ мебошад.
Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи он имконияту иқтидори васеъ доранд, ки пеши роҳи чунин ифротиёнро гиранд ва намегузоранд, ки якпорчагии кишвари азизамон халалдор гардад. Ҳоло ҳам дер нашудааст, аз роҳи худ баргардед, чунки ҳеҷ гоҳ нияти бад ба некӣ намеанҷомад ва ба мақсад намерасонад. Ҳоло ҳам мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват ба амал оварда истодаанд, ки нафаре, ки дар ҳолати ихтиёран худ ва силоҳу аслиҳаро месупорад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Муним Оламов,
журналист