ХАБАРИ ДОҒ

 

Ин суолест, ки дар арафаи ҷашни 30 солагии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аксарияти коршиносони хориҷии ба таъбири Путин В.В. «недружественные государства» иброз намуда, мавҷудияти ин созмонро зери суол кашидаанд. Минҷумла онҳо менависанд, «СПАД дар ин маҳдудаи тӯлонӣ қариб ягон кори назаррасе накардааст!». Инро онҳое мегӯянд, ки ба таъбири Бобои Ғулом аз рӯи масали «думи сагат каҷ» кор мекунанд...

16.05.2022. Дар Маскав нишасти навбатии сарони СПАД баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд. Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи СПАД  ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД бахшида шуд.

 Дар бораи «амалиёти низомӣ дар Украина» сӯҳбатҳо гарм буданд. Усулан дар ин мавзуъ Путин ва Лукашенко сухан карданд. Тавре интизор мерафт, Никол Пашинян мавзуъи Қарабоғи Кӯҳиро бо Озарбойҷонро рӯи каф гирифт. Дигар аъзои СПАД, ба вежа Тоҷикистону Қирғизистону Қазоқистон перомуни хавфу хатароти марзӣ бо Афғонистон, таҳдиди ДИИШ ва Толибон сӯҳбат карданд. Минҷумла ба иттилоъи Кремлин Президенти ҶТ дархост намуд, ки «ҷараёни азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва вазъ дар сарҳади Афғонистон баррасӣ шаванд».

Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Қазоқистон низ аз хавфу хатари афғонӣ баҳс кард: «бояд ба таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон таваҷҷуҳ кард, зеро бесуботӣ ва фаъолияти давомдори гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон, амният ва суботи кишварҳои узви СПАД-ро ба хатар меандозад!».

Аз хатари ифротиёни афғонистонӣ Жапаров-Президенти Қирғиз низ бонги изтироб зад: "вазъи марзҳои ҷанубии СПАД ба далели бидуни монеа амал кардани гуруҳҳои тундрав нигаронкунанда боқӣ мондааст, сармоягузорони ин гуруҳҳо барои Осиёи Марказӣ нақшаҳо доранд".

            Нишасти фавқ дар пасманзари мушакпартоӣ дар марз бо Фархори Тоҷикистон сурат гирифт. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, 3 мушак тасодуфан сӯи сарҳади мо раҳо шудаанд. Вале ҷангиёни ун тарафи марз навореро дар интернет ба чарх овардаанд, ки онҳо ҳадафмандона сӯи кишвари мо мушакандозӣ мекунанд. Дар ҳар сурат марзбонони Тоҷик дар ҳолати омодабоши ҷангӣ қарор доранд.

Ва аммо ба суоли сарлавҳа… «Баъд чӣ?» посух ин аст, ки маҳз нирӯҳои СПАД чанде қабл 2 кишвари узви худро аз фаношавӣ ва аз дасти экстремистон наҷот доданд. Аввал Беларусро (бештар бо кӯмаки Маскав) ва сипас Қазоқистонро, ки дар амалиёти ахирӣ қувваҳои зудамали ҳама аъзои СПАД, бо шумули Тоҷикистон сафарбар шуда буданд. Ва имрӯз, ки Россияву Украина ба ҷанги бузурге ғелидаанд, мавҷудияти 1 созмони амниятие, ба мисли СПАД барои кишварҳои собиқ узви СССР, ба вежа Осиёи Марказӣ чун обу ҳаво лозим аст. Ва агар дар Тошканду Ашқобод сиёсатмадорони пурдониш мешинанд, пас онҳо низ бояд мавқеи нейтралитетро канор гузошта, ба СПАД бупайванданд. Бар нафъи ишон хоҳад буд. Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter