Баҳси додгоҳии ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик эйр» бо ширкати литвонии Skyroad Leasing, ки беш аз 9 соли ахир идома дошт, ба фоидаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр» ҳал шуд. Сабаби баҳс ин маблағи пардохти ҳармоҳа аз истифодаи 2 ҳавопаймои Boeing буд, ки дар умум $20 млнро ташкил медод.
***
Ҷумҳурии Қазоқистон хостори харидани барқи НБО «Роғун» шуда,тибқи шартномаи тарафайн захираҳои дар тобистон коркардкардаи НБО «Роғун»-ро Узбекистон харидорӣ мекунад.
***
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни таҳияи раводид (виза) ба 21 кишвари ҷаҳон сафар карда метавонанд, дар 42 давлат раводид гирифта мешавад, 3 кишвар иҷозатномаи электронӣ талаб мекунанду 132 кишвар бе виза роҳ намедиҳанд.
***
Аз рӯи тағийроте, ки ба моддаи 22-и Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ворид карда шуд, минбаъд раисони минтақаҳоро метавонанд барои ташкили тӯйҳои пуршукуҳ ва фурӯши ғайриқонунии замин аз мансаб барканор кунанд.
***
Дар 5 моҳи соли ҷорӣ маҳсулоти озуқаворӣ ба андозаи 6,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа 2% боло рафта, хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 0,7% арзон шуданд.