ХАБАРИ ДОҒ

   21.07.2022. Дар ш.Чолпон-отаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ- Узбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор мешавад.

***

   Аз 01.07.2022 ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 600 сомонӣ (57 доллар) боло рафт. То ин дам ҳаҷми он 400 сомонӣ (38 доллар)-ро ташкил медод.

***

   Думаи давлатии Федаратсияи Россия 28.06.2022  баъди баррасии беш аз 7 сола ва 7 даври гуфтушунуфтҳо Шартнома бо Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа тасдиқ намуд: баъди тасвиби порлумони Россия ин ҳуҷҷат ҳукми қонунӣ гирифта, муҳоҷирон аз ин кишвар нафақа мегиранд.

***

    Аз рӯи радабандии Cost of Living City Ranking Тошканд, Душанбе ва Бишкек ба рӯйхати арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои иқомати мутахассисони хориҷӣ шомил шуданд.

***

   Федератсияи Россия сар аз 15.07.2022 тамоми маҳдудиятҳоро дар роҳҳои сарҳадии заминии худ, ки 2 сол қабл дар вақти авҷи пандемияи коронавирус роҳандозӣ карда буд, аз байн мебардорад. Акнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо мошинҳои худ тавассути Қазоқистон ба Россия бираванд. Роҳи сафед!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter