Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳия ва пешниҳод намудани Лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасмим гирифтааст аз паҳн кардани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ тавассути воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ оид ба шарту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ё оид ба раванди баргузории маъракаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин дигар ахбороту овозаҳои бардурӯғу бофташудае, ки боиси коста гардидани шаъну шарафи Артиши миллӣ ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад, бо ҷарима ва ҳабси маъмурӣ ҷилавгирӣ намояд.
***
Дар нишасти навбатии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 15 ва 16 сентябр дар ш.Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мегардад, Эрон бо дастгирии Тоҷикистон ба узвияти Созмон пазируфта мешавад.
***
Ҷумҳурии Қазоқистон сар аз 08.07.2022 барои содироти гандум, орд ва тухми офтобпараст маҳдудият ҷорӣ кард: ин маънои онро дорад, ки содироти орду гандум ба Тоҷикистон низ коҳиш меёбад.
***
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми COVAX аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст,
***
Дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб (аз деҳаи Шкев то шаҳраки Қалъаихумб) аввалин нақби мошингузар дар Бадахшон, дар мавзеи деҳаи Ширговад сохта шуд.