ХАБАРИ ДОҒ

 

29.09.2022. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодмонзода директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик эйр» таъин гардида, дар ин вазифа Дилшод Исматуллозодаро иваз намуд. 

 Шералӣ Ганҷалзода, сардори Хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷояш Далер Қурбонзода таъин гардид.

 Шавкат Бобозода, ки бар зиддаш бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аз вазифаи сардори Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ озод гардид.

Сафорати Русия дар Душанбе аз хориҷиёни муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон даъват кард, ки ба ҳар гуна маълумоти паҳншуда ва нодуруст дар бораи сафарбарии ҷузъӣ ба сафи артиши ин кишвар, бовар накунанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрванӣ доранд, гала-гала ба Ватан гурехта истодаанд.

  01.10.2022. ВМКБ, ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи ш.Исфара ва н.Данғара дар рӯзи аввали сафарбарӣ нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуданд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter