ХАБАРИ ДОҒ

12-13.10.2022. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар ш.Остона баргузор мегардад, ширкат меварзад.

 

  10-21.10.2022.  Дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии давлатҳои узви СПАД  тамрини муштараки “Сарҳад-2022” баргузор мешавад.

 

10.10.2022. Қирғизистон размоиши низомии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро, ки мебоист таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир - 2022" аз 10 то 14-уми октябр дар он кишвар баргузор мешуд, бекор кард.

 

11.10.2022. Ҳайати Қирғизистон барои музокироти марзӣ, ки қарор аст 4 рӯз тӯл кашад, вориди Тоҷикистон шуд. 

 

  11.10.2022. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин гурӯҳи мутахассисони тоҷикро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ дар Корея ба ш.Сеул фиристод.

 

 11.10.2022.  Шумораи қурбониҳои даргирии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар сарҳади ш.Исфара рӯзҳои 14-17 сентябри соли ҷорӣ ба 81 нафар расид.

 

   15.10.2022. МИҲД ш.Душанбе сокинон ва меҳмонони пойтахтро ба таҷлили Иди Меҳргон ба Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даъват менамояд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter