ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар маводҳое, ки дар сомонаи «Ховар» чоп мешаванд, «Хизби наҳзати исломӣ», ҳаракати «Толибон», ташкилоти «Ал-Қоида» ва ғайра чун созмонҳои экстремистию террористӣ муаррифӣ мешаванд.Аммо номи баъзе ташкилотҳое, ки дар дигар кишварҳои олам ба фаъолияти террористию экстремистӣ машғуланд, бо ибораи «мамнуъ дар Тоҷикистон» шарҳ намеёбанд. Бигӯед, ки дар Тоҷикистон кадом ташкилоту созмонҳо расман манъ карда шудаанд?».
Бо чунин суол Умед Холов, донишҷӯй курси дуюми Донишкадаи олии қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба мо муроҷеъ шудааст.
Дар посух ба ин суол дар зер рӯйхати ташкилоту созмонҳоеро меорем, ки аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон террористӣ ё экстремистӣ эълон карда шудаанд (бо зикри санаи судури қарори суд).
1. «Ал-Қоида» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
2. «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
3. «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
4. «Ҳаракати «Талибон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
5. «Бародарони мусалмон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
6. «Лашкари Тайба» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
7. «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти Исломии Покистон») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
8. «Ҷамъияти Таблиғ» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
9. «Созмони таблиғот» («Даъват ба ислом») — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
10. «Тоҷикистони озод» – ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006).
11. «Ҳизб-ут-Таҳрир» — ташкилоте, ки экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2008).
12. «Ҷамоат (Ҷамъият)» (Ансоруллоҳ) – ташкилоте, ки экстремистию террористӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2012.
13. «Салафия» – ҷараёни диние, ки фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2009), созмони экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014).
14. «Гуруҳи 24» — ҳаракати ҷамъиятие, ки экстремистӣ ва фаъолияташ ғайриқонунӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олдии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014).
15. «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДИИШ, ДОИШ) – ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).
16. «Ҷабхат -ан -Нусра» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015).
17. «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» — ташкилоте, ки экстремистию террористӣ эълон карда шудааст — ТЭО ПИВ (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015).
18. «Иттиҳоди миллии Тоҷикистон» — ташкилоте, ки террористию экстремистӣ эълон карда шудааст (қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019).