18.10.2022. Дар ш.Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» ба кори худ шуруъ кард.
17.10.2022. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович ба ш.Душанбе омада, ба кори худ шуруъ намуд.
17.10.2022. Далери Имомалӣ блогери тоҷик бо иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони мамнуи “Гуруҳи 24” барои 10 сол ҳабс шуд
16.10.2022.Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Украина ба шаҳрвандоне, ки то ҳол ин кишварро тарк накардаанд, тавсия медиҳад, ки Украинаро тарк карда, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.
15.10.2022. Вазорати дифои Русия гуфт, дар тамригнгоҳи низомии Белгороди Россия бар асари «1 ҳамлаи террористӣ» 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудаанд. Дар ин миён 2 тоҷик низ будааст, ки аз яке чун аз Эҳсон Аминзода, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, сокини вилояти Хатлон ном мебаранд, ки тариқи «облава» ба Армия давъат шуда буд.
14.10.2022. Марказҳои барқу гармидиҳии ш.Душанбе пурра ба реҷаи корӣ даромада, рӯзҳои наздик сокинони 4 ноҳияи пойтахт бо оби гарм таъмин хоҳанд шуд.