ХАБАРИ ДОҒ

 

22.10.2022.  Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар синни 53 солагӣ бар асари бемории тулонӣ даргузашт: Худо раҳмату мағфират кунад!

 

 Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе бо имзои қарори вежа вуруди мошинҳои мусофиркашро аз самти вилояти Суғд ба пойтахт манъ кард: аз ин пас тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф намуда, аз ин терминал мусофир гирифта, ба самти вилояти Суғд бармегарданд.

 

   Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти Афғонистон ба аъзои созмонҳои террористӣ беш аз 3 ҳазор шиноснома доданд.

 

   Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон тасмим гирифтанд Бозиҳои Осиёи Марказиро эҳё намоянд.

 

   Дар 20 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъват 62% иҷоро шуда, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бошад нақшаи даъватро то ба имрӯз 70% иҷро кардаанд, вале то ҳанӯз хабару овозаҳои Облава ба гӯш мерасанд...

 

 

   Нархи миёнаи чиптаҳои ҳавопаймо аз Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон дар давраи аз 21 то 31 октябр дар муқоиса бо давраи 21-30 сентябри соли равон зиёда аз 25% коҳиш ёфт, зеро дезертирҳо дар ФР тамом шуданд!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter