ХАБАРИ ДОҒ

 

- То 31.10.2022 нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар кишвар 70% иҷро шуд.

- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват менамоянд, ки ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кушодашуда, бовар накунанд.    

 - Бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 6 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон 3 рӯз пайиҳам - 5, 6 ва 7 ноябр истироҳат мекунанд.  

 - Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороти вежа гуфтаҳои рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро дар робита ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар ҷангҳои Украинаро рад кард.

 - Таътили тирамоҳии донишҷӯён ва талабагон аз 1-уми ноябр оғоз шуда, то 10-уми ноябр идома меёбад. Чоряки 2-юми таҳсил барои хонандагону донишҷӯён аз 11.11.2022. оғоз мешавад.

- Маҷмааи муҷассамаи “Исмоили Сомонӣ” барои таъмири капиталӣ ба муддати 4 моҳи оянда баста шуд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter