ХАБАРИ ДОҒ

Содир Ҷабборов (Жапаров), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Парлумони кишвараш ваъда дод, ки тарҳи созишнома дар бораи марзи Тоҷикистону Қирғизистон то Соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар пешниҳод мегардад.

    Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтанд, дар 2 сол на кам аз 1 машқи зиддитеррористӣ баргузор намоянд.  

    Қимати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз натиҷаи мусовӣ (0:0) бо дастаи мунтахаби Россия 1,37 млн евро боло ва мунтахаби Россия бошад, баръакс 26,55 млн евро поин рафт.

    Осорхонаи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷику форс, Қаҳрамони Тоҷикистон дар зодгоҳаш деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро таъмиру бозсозӣ мешавад.

    Айни замон беш аз 40 ҳазор донишомӯзони тоҷик аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар 38 кишвари ҷаҳон таҳсил менамоянд.

    Бинои Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, майдони Ғалаба (Танка) ва монументи он тахриб гашта, дар ин мавзе дар 2-3 соли оянда эстакадаи нави бисёрсатҳа бунёд хоҳад ёфт.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter