ХАБАРИ ДОҒ

Сӣ шохаи пурбори Истиқлолият

  • Чоршанбе, Дек 14 2022

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бисёр халқияту миллатҳое арзи ҳастӣ доранд, ки бо вуҷуди муборизаҳои беамон ва аз даст додани ҳазорон фарзандони сарсупурдаю огоҳ ва асили худ наметавонанд ба истиқлолият бирасанд. Таҷрибаи талхи ин миллатҳо собит месозад, ки муборизаи роҳи истиқлол ба касе ба осонӣ ба даст наомадааст, аз ҷумла ба мо тоҷикон. Агар мо ба раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлолияти худ назар афканем, пеши чашмонамон роҳи душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва муборизаву иштибоҳоти ниёгонамон намудор мегардад. Гарчанде, миллати мо ҳазорсолаҳо зери асорати аҷнабиён қарор дошт, ҳуввияти миллӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва тоҷикияти худро ҳифз кардаанд. Яъне, ба ҳар шаклу шевае зидди онҳо мубориза бурда, асолати худро нигоҳ доштаанд. Маҳз муборизаҳои чунин фазандони содиқу сарсупурда ва худогоҳу Ватандӯст буд, ки мо имрӯз бо тоҷик буданамон ифтихор мекунем.

Баъд аз ин ҳама роҳи тулонӣ офтоб рӯйи миллати тоҷик дурахшид. Акнун муддати сӣ сол аст, ки қалам ба даст гирифта, тақдирашро бо дасти хеш навишта истодааст. Дигар ба дастуру супоришҳо ва роҳнамоии касе ниёз надорад. Яъне, дар ҳалли ҳар масъалае озод аст. Биёед назар афканем, ки истиқлолият дар муддати сӣ сол ба мо чӣ дод:

-  Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифтани мулки тоҷикон;

-  Таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи давлатӣ ҷиҳати таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот дар кишвар;

-  Давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  Мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ;

-  Баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ;

-  Ҳамчун давлати иҷтимоӣ шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардан ба тамоми шаҳрвандон;

-  Арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии он (ҳаёт, қадр, номус ва ғайраҳо);

-  Бо инъикос дар Конститутсия қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-  Барпо гардидани адолати иҷтимоӣ;

-  Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, нажод, ҷинс, миллат, этиқоди динӣ;

-  Назорати риояи иҷрои дақиқ ва бечунучарои қонунҳо аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ;

Ин танҳо қатрае аз баҳри истиқлол буд, ки насиби миллати азияткашида гардид. Дар бораи пешрафту тараққиёташ бошад, каме муфассал шарҳ хоҳем дод. То соли 1991 касе миллати тоҷикро намешинохт. Маҳз ҳамин нурафшонии истиқлол буд, ки тоҷиконро на танҳо ҳамчун халқият ё миллате, балки ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф кунанд. Агар имрӯз ба тамоми гушаву канор ва ҳатто ноҳияҳои дурдасти он сафар намоем, ҳатман навгониеро хоҳем дид. Аз чор ҳадафи стратегии давлат барномаи истиқлолияти энергетикӣ пурра иҷро гардид, яъне тамоми нукоти аҳолинишин бо қувваи барқ таъмин гардид. Бо соли 2014 эълон гардидани “Соли роҳҳои обод” ҳамаи нуктаҳои аҳолинишинро пайванд кард. Ҳама сола бо таъмини ҷойҳои нави корӣ сатҳи некӯаҳволии мардум хубтару беҳтар гардида истодааст. Ғайр аз пешрафти иқтисодиёт дар дигар соҳаҳо, алалхусус дар соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррасе ноил гардидааст. Ҳама сола барои ҷалби хонандагону донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи маориф иқдомҳои гуногун пеш гирифта мешавад. Ҷиҳати кам кардани сатҳи бесаводии аҳолӣ муассисаҳои таълимии наву замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Пешрафту тараққиёт на танҳо иқтисоду соҳаи маориф, балки ҳама соҳаҳоро фаро гирифтааст.

Яъне, истиқлолият ба шаҳрвандон комилҳуқуқӣ ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фароҳам овардааст. Дигар аз касе вобаста ва нигарони дасти касе ҳам нест. Дар роҳи инкишофи худ мустақил аст. Ба дастуру супоришҳои касе ҳам сар фуруд нахоҳад овард. Худ мусаввири тақдири худ аст.

Хуллас, он чизе, ки даврони истиқлолият ба мо дод, беназир аст. Метавон онро моҳҳову солҳо шарҳ дод, вале ҳеҷ гоҳ поин нахоҳад ёфт. Зеро, сӣ шохаи пурбору сермаҳсулеро дорост. Ҳатто ба даври гардиши соат зи ободӣ навид меояд, ки инро ҳам шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дигар давлатҳо бо чашми худ мушоҳида карда истодаанд. Шояд ниёз ба шарҳу тафсири мо ҳам набошад. Чун худ шоҳидони воқеии он ҳастанд.

Ҳақ ба ҷониби гуфтаи бузургон аст. Ҳар қадаре неъмат фаровон гардад, қадраш ҳамон қадар поин меравад. Дигарон дар ҳастари онанд, вале баъзе аз нотавонбинон қадри ин ганҷи бебаҳоро надониста, суйи он санг партофта истодаанд. Фикр намекунанд, ки бо ин амалҳояшон метавонанд, ин давлати тозаистиқлолро ҳазор соли дигар ба суқут баранд. Чун ҳар боре миллати тоҷик қоматашро рост мекард, хоин боз аз байни худашон мебаромад. Ҳар боре аз пушт ханҷар мехӯрданд, симои ошнои худро медиданд. Ба ин миллат ҳеҷ гоҳ каси дигар, ҷуз худаш ханҷар назадааст. Имрӯз низ ҳамон амалҳо такрор ёфта истодааст. Вале, ин бор фарқ дорад. Ин миллат миллати ҳазорсола қабл нест. Дорои истиқлолияти зеҳнист. Яъне, дар интихоби роҳи худ комилан мустақил аст ва касе ҳам онҳоро гумроҳ карда наметавонад. Дигар касе наметавонад, ин миллатро ба фано барад. Чунки дар раъси он абармарде чун кӯҳ қарор дорад. Ҳеҷ гоҳ намегузорад, пои нохалафе вориди он шаваду ё касе аз дохил онро вайрон кунад.

 

Эшонҷонова Ф.,

коршиноси масоили сиёсӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter