Муҳимтарин нуктаҳои он аз дурбини СССР
23.12.2022. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Сарвари кишвар дар Паёми хеш дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соли 2022 суханронӣ намуданд. Мо тасмим гирифтем, муҳимтарин нукоти Паёми Пешвои миллатро, ки ба рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ вобаста буда, ба некӯаҳволии мардум таъсиргузоранд, рӯи нашр оварем.
"Ман ба кулли мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла деҳқонон, миннатдорӣ баён мекунам, ки дар соли 2022 барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми намоён гузоштанд".
- То охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди Тоҷикистон - ятимону маъюбон ва камбизоатон дар ҳаҷми 600 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.
- Аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25% зиёд карда мешавад.
- Аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо, андозаи нафақаҳо 20% зиёд карда мешавад.
- Корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодом бо иқтидори пешина барқарор мегарданд. Айни замон танҳо 20% эҳтиёҷоти мардуми Тоҷикистон ба равғани растанӣ аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ таъмин мешавад. Дар сурати барқарории пурраи ин корхонаҳои равғанбарорӣ то 70 дарсади ниёзи мардуми кишвар бо равған аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ таъмин хоҳад шуд.
- Дар Душанбе соли 2023 чор корхонаи коркарди металҳои қиматбаҳо то маҳсулоти ниҳоӣ сохта мешавад. Бояд 3 тонна тилло дар ин корхонаҳо то маҳсулоти тайёр коркард шуда, барои бозори дохилӣ ва содирот пешниҳод гардад.
- Хадамоти алоқа якҷоя бо ширкатҳои интернетрасон вазифадоранд, ки барои дастрас гардонидани интернети баландсуръат, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин паст кардани нархи интернет чораандешӣ кунанд.
- Танҳо дар 5 соли охир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо маблағи 21 миллиард сомонӣ иншооти таъминоташон гуногун сохта, ба истифода дода шудааст.
- Барои бунёди НБО Роғун дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ин нерӯгоҳ бояд то 20 ҳазор коргар фаъолият намоянд. Баъди Бунёди НБО "Роғун" умри НБО "Норак" як баробар зиёд мешавад. Баъди тармим истеҳсоли қувваи барқ дар НБО "Норак" 775 мегаВатт зиёд мегардад.
- Тоҷикистон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли нерӯи барқи сабз ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳон мақоми 6-умро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон 98 дарсад нерӯи барқи сабз истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, ба вазорати саноат ва технологияҳои нав дастур дода мешавад, ки дар оянда истеҳсоли мошинҳои барқиро ба роҳ монад.
- Соли 1991 дар кишвар 359 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият доштанд. Дар соли 2022 бошад, шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2,5 ҳазор ва ҷойҳои корӣ ба 85 ҳазор расонида шуд.
- Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои 1,5 миллион хонанда бунёд карда шуд. Дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
- Дар соли 2022, бо вуҷуди таъсири таҳаввулоти ҷаҳонӣ, суръати рушди иқтисоди миллӣ 8% таъмин гардида, дар соли 2023 низ бояд дар сатҳи на кам аз 8% афзоиш ёбад. Дар соли 2022 таваррум 4,2%-ро ташкил дод, ки аз лиҳози иқтисодӣ нишондиҳандаи хеле хуб аст
- Аз 1 июли соли 2023 тамоми намуди пардохтҳо, аз ҷумла, хизматрасониҳо, ҷаримаҳо ба таври ғайринақдӣ сурат мегиранд.
- Тақрибан 9 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардиданд. Ба беш аз 1 миллиону 400 ҳазор оила барои сохтмони манзил замин ҷудо шудааст.
- Аз сӯи соҳибкорони кишвар беш аз 50 дидбонгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон бунёд шуда истодаанд.
- Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон шароит ва имкониятҳои хубро ба роҳ мондааст. Ҳамин аст, ки дар 5 соли охир ба кишвари мо беш аз 4 миллион нафар сайёҳ ташриф овард.
СССР