ХАБАРИ ДОҒ

   - Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат накардаанд.   

 

 - Ширкати Роҳи оҳани Россия барои мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, аз 5 то 35 % тахфиф пешниҳод кардааст.

 

   - Дар соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.

 

   - Арабистони Саудӣ эълон намуд, ки маҳдудиятҳо вобаста ба паҳн шудани бемории коронавирус зимни анҷом додани маросими ҳаҷ соли 2023 бардошта мешаванд. Пеш аз ҳама маҳдудияти вобаста ба синусол аз байн хоҳад рафт.

 

   - Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 10 январ то 14 январи соли равон бар асари ворид гардидани ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард мешавад ва барфи шадид меборад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter