ХАБАРИ ДОҒ

Умедворӣ аз ваъдаи вакили навбатӣ...

  • Чоршанбе, Фев 15 2023

03.02.2023. И.в. раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид, ҷавони аз мактаби сиёсати президентӣ гузашта, ки аз диди аввал хеле корозмудаву болаёқат менамояд, бо даст додани аввалин фурсат ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён №40 ба н.Қубодиён ташриф оварда, бо интихобкунандагонаш аз наздик дидору мулоқоти судманд анҷом намуд.

Баъди шиносоӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, интихобкунандагонро бо барномаи пешазинтихоботии вакил ошно намуд.

Суханони Давлаталӣ Саид “Дар минбаъда маблағғундории аз ҳад зиёду бемавриде, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи тандурустӣ ба чашм мерасад ва боиси фирори кадрҳо гаштааст аз миён хоҳам бардошт” аҳли толорро, ки иборат аз фаъолони ноҳия буданд, ба ваҷд овард. Мардум аз ҷой бархоста, ба ифтихори вакили ояндаи худ, Давлаталӣ Саид бо баёни изҳори сипос дуру дароз кафкӯбӣ намуданд.

Маълум гардид, ки на танҳо омӯзгор ё табиби Қубодиёнӣ аз омаданҳои санҷишгару тафтишгарони тамаъҷӯи сатҳу зинаҳои болоӣ ҷонашон ба лаб расидааст, балки дар миқёси вилоят ҳам чунин ранг гирифтани кор раиси тозатаъин Давлаталӣ Саидро нигарон намудааст.

“Беиззатии омӯзгору табибонро сад мегузорам ва обрӯи қаблиашонро бармегардонам!”, банда чунин маънӣ бардоштам аз суханрониҳои вакил. Боз ба он андешидам, ки мабод аз зумраи он вакилоне набошад, ки то гирифтани овоз ба интихобкунандагон калуш, шишаи чароғ ва боз ким- чизҳои камчину ноёфт (хайрият, ки дар ин солу замона аз ин “неъматҳо” дар мағозаҳо фаровон аст)-ро ваъда менамуданду баъдан ҳамаро фаромӯш мекарданд. Тӯли фаъолияти корӣ даҳҳо раисонеро дидам ва шоҳиди гирумонашон дар Қубодиён будам, ки ба ҷуз ваъда кореро ба субут нарасондаанд. Ва аммо дил бовар дорад, раиси ҷавони вилоят ва вакили навамон чунин нест. Интизор мемонем. Мо Метавонем!

Сайфуллозода Адолат,

сармуҳаррири рӯзномаи “Тахти Қубод”

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter