- Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт рамзи баҳору Наврӯз - табақи сабзаи суманак бо баландии 30 метр ва паҳноии 16 метр гузошта шуд: Наврӯз муборак!
- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи Наврӯз, 6 автобус ба ш.Кӯлоб, 5 автобус ба ш.Хоруғ ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ (дар ҷамъ 32 автобус) тақдим гардид.
- Дар сарҳади ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба бунёди Маркази тиҷоратӣ ва логистикии «Андархон» санги асос гузошта шуд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 376 рӯзнома, 245 маҷалла, 319 матбаа, 71 нашриёт, 1 хабаргузории иттилоотии давлатӣ ва 10 мустақил фаъолият доранд.
- Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба иҷрои парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе, ҳар рӯзи панҷшанбе ва якшанбе оғоз намуд.